Formula novemver 2024
Ғами фарзанд модарро нобино кард (ҚИСМИ 2)
1156

10 килограмм шалғамро 30-дирамӣ фурӯхт

Пас аз он ки ҳамчун фурўшандаи рўзномаю маҷаллаҳои шуъбаи «Матбуот»-и ноҳия фаъолият мекард, соли 1998 ба нафақа баромад. Зиндагӣ душвор буд. Шавҳараш камтар замин гирифт, ки аз маркази ноҳия 10 км дуртар буд. Муаттара ба хотири ба даст овардани ризқу рўзии фарзандон гоҳ пиёдаю гоҳ харсавор сари замин мерафт.

- Аз ҳамон Кунҷак (мавзеи замин) як фақир ҷурғотро ба бозор мефиристонидам. Дилбар ном ҳамсояи наздикамон дар бозор савдо мекард. Барои як фақир ҷурғот 9 сомонӣ медод. Шалғамро 3-5-дирамӣ мефурӯхтем. Ҳолатҳое шуд, ки даҳ кило шалғамро 30-дирамӣ фурӯхта будам. Нону равған мегирифтам, ки фарзандонам гушна намонанд,- мегўяд он солҳоро пеши назар оварда, ҳамсуҳбати ман.

Бо ҳамин душвориҳои зиндагӣ панҷ фарзандро ба қавле ба дандон газида калон карданд. Хонадон сол то сол файзи дигар мегирифту ниҳоли орзуҳои Муаттара ва Шодибой мешукуфт. Акнун соҳиби набера ҳам шуданд. Вақте писари фарзанди калонӣ Муродҷон хонадор шуд, хурсандии модар ҳадду канор надошт.

Хоҳар гурдаашро ҳадя карду...

Ба хонадони пурфайзу пуртароват ташвишҳои ногаҳонӣ омад. Муъминҷон, ки нав ҷомаи домодӣ ба бар карда буд, бемор шуд. Табибон тавсия доданд, ки бояд гурдаи ҷавон иваз карда шавад. Барои ин бояд хешовандону пайвандон аз ташхиси духтур мегузаштанд.

- Гурдаи духтари сеюмам Заринаро духтурон лозим донистанд, ки гирифта, ба Муъминҷон пайваст намоянд. Ба шавҳару хушдоманаш ҳазорҳо раҳмат, ки ба дарди мо ғамшарик шуданд. Амалиёти душвор, яъне пайвастани гурда дар бемористони ноҳияи Данғара  ҷараён гирифт. Хушбахтона, амалиёт хуб гузашт. Буду шуди хонадонро барои шифоёбии набераам харҷ кардем. Хушбахтона, оҳи моро Худо шунид, набераам аз бемористон сиҳату саломат баргашт. Бо як гурда соҳиби ду фарзанд шуд. Ҳама шоду хурсанд будем,- мегўяд Муаттара-апа саҳифаҳои зиндагиашро варақ зада.

Вале, пас аз гузаштани чоруним сол якбора ду кўҳи сангини ғаму андуҳ ба сараш рехт. Духтари калониаш Манижа, ки мураббияи боғча буду чор фарзанд дошт, ногаҳон ба ҳавзи ҳавлиаш афтода, ҳалок шуд ва бо ин ду дасти Муаттара боло гашт. Ҷое намеёфт, ки сари худро занад, пеши чашмонаш торик шуд… Пас аз ду моҳи фавти Манижа Муъминҷон бори вазнини ғами аммаашро бардошта натавонист, ба гурдааш зўр омад ва дар як рўзи баҳорон аз олам чашм пўшид. Пас аз чиҳил рўзи марги Муъминҷон модар аз нури чашмонаш маҳрум, олам барояш торик шуд. Имрўз танҳо аҳли хонадон, пайвандонашро аз садояш мешиносад. Ҳарчанд намебинад, вале келинаш Сарвинозу ду наберааш Оқилҷон ва Билолҷон, ки имрўз чароғи хонадонаш ҳастанд ба оғуш мекашад, бо чашми дил ба онҳо назар медўзад, мебўсад ва ба тақдираш тан медиҳаду инро санҷиши Худо медонад. Ба Сарвиноз чанд маротиба «ниҳоли ҷавониатро хазон накун, ихтиёр дар дасти худат» гуфт ва дар ҷавоб шунид: «Ин хонаи ҳамсарам, бароям вай зиндааст, ба ҳеҷ куҷо намеравам!» Ин ҷавоби қатъии келини хонадон буд.

Имрўз апаи Муаттара соҳиби 4 фарзанду 16 набера ва 5 абера буда, аввалин телефончидухтарони маҳаллӣ мебошад, ки синнаш ба қуллаи ҳаштодум наздик гаштааст.

Пайроҳаи зиндагӣ ноҳамвор, пасту баланд аст. Танҳо бо сабру тоқат онро паси сар кардан мумкин. Барои ин, инсон бояд иродаи мустаҳкам дошта бошаду шукргузор. Мисоли ин диданиҳои роҳи ҳаётии Муаттара Ҳасанова аст…

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД