Фарҳод баъди зангирӣ ҳам ҳамеша пеши зани аввал буд. Сарвинози ҳамеша ороставу бо нозу карашма дили ӯро батамом рабуда, ақлу ҳушашро тира карда буд.
Вақти зангириаш Сарвиноз гуфт, ки «майлаш, иҷозат, рав, зани бо тӯю тамошо гир, вале хеле зуд аз ӯ ҷудо шав».
- Майлаш, ҷонам, ҳавлиро падар ба номам гузаронад, тамом.
- Ғайри шаби аввали арӯсӣ дигар ба ҳамсарат наздик нашав.
- Майлаш, ҷонам, ман то дами мурдан аз они туам.
Комила аз нигоҳи аввал шавҳарашро дӯст дошта буд. Ӯ аз зумраи заноне буд, ки ҳамеша як касро дӯст медоранду яктопарастанд. Шаби аввали васл хеле зебову дилнишин гузашт. Вале дигар шавҳар ба ӯ меҳрубонӣ намекард. Гӯё дар ин хона арӯси нав вуҷуд надошт. Бо вуҷуди ин, Худованд ба Комила фарзанд доду ӯ баъди нуҳ моҳ экизак, духтаракони солеҳашро таваллуд кард. Аммо ҳамоно шавҳар ба ӯ ҳамчун зан наздикӣ намекард. Комила фақат сабр мекард. Ноаён мисли аспи даванд солу моҳҳо гузаштанду зани ба ном шавҳардор аз фикри зиёд ба ғам печид. Майнаи сараш карахт шуд. Сабаби бемеҳрии шавҳарро ҳеҷ фаҳмида наметавонист. Шабҳо шавҳар умуман дар хона набуд. Вақтҳои охир моҳе чор маротиба меомаду халос. Баҳона пеш овард, ки дар шаҳри дигар кори хубе ёфтааст.
Вақте тоқати Комила ба охир расиду аз шавҳар пурсон шуд, ки сабаби номеҳрубонияш чист, ӯ ҷавоб дод:
- Ман кайҳо боз зани дӯстдошта ва як писарча дорам.
Ҳақиқати талх Комиларо аз по афтонду якбора ба касалии равонӣ гирифтор кард.
Хоҳари Комила ин сирри язнаашро фаҳмида, хеле асабӣ шуд. Ба апааш гуфт, ки зиқ нашав, ҳамааш хуб мешавад.
- Хоҳарҷон, мехоҳам, ки духтаронамро бинам. Ҳамагӣ ду бор ҳамроҳи дадаашон хабаргирӣ омаданду халос.
- Майлаш, ман рафта Фотимаву Зуҳроро меорам.
Фотимаву Зуҳро дар дидорбинӣ бо модар чунон сарду дурушт буданд, ки Комила аз ин номеҳрубонии онҳ ҳайрон шуд.
- Духтарони ширини ман, пазмонатон ман.
- Оча, ту дигар ҳамроҳи мо зиндагӣ намекунӣ?
- Не, акнун падаратон зан дорад. То кор ёфтану соҳиби манзиле шудан шумо бо падар зиндагӣ кунед.
- Майлаш, оча, моро апаам - зани падарам дӯст медорад.
Комила мехост, ки ҷойи коре ёфта, аз пайи зиндагии худ шавад. Аммо боз ғаму ғуссаи дарунӣ, хиёнати шавҳар, номеҳрубониву дилсардии фарзандон ӯро хаёлӣ карду боз ба беморхона хобондандаш. Акнун одамро намешинохт. Шабе табиби навбатдор ба хоҳари Комила занг заду хабар дод, ки апаатон шаб аз диққи нафас нафасгир шуда, вафот кардааст. Биёед, ҷасади ӯро баред.
Комилаи армониро хоҳар бо оҳу фиғон гӯр кард. Мурдаҳо мурданд. Зиндаҳо ба зиндагии худ андармон. Фотимаву Зуҳро зани падарро оча мегӯянду ҳатто ба гӯшаи хаёл ҳам намеоранд, ки рӯҳи саргардони модар дар орзуи як каф дуои онҳост.
Шаҳлои НАҶМИДДИН