gazprom august 2025
Ғамбодаи муҳаббат (ҚИСМИ 1)
1474

Баъди 10 соли зиндагии занушавҳарӣ якбора Комила ба дарди равонӣ гирифтор шуду зиндагии ин хонавода рӯ ба харобӣ ниҳод.

Шавҳари Комила гӯё интизори ҳамин буд, ки баъди ду рӯзи касал шудани ҳамсар аз пайи зангирӣ шуд. Комиларо бурда ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хобониду сабабашро дар хавфнок будани ӯ барои экизакҳояш фаҳмонид.

Зани наваш, ки 12 сол боз зани пинҳонии ӯ ҳисоб меёфт, маликаи ин хонадон гардид. Фотима ва Зуҳрои 9-сола, ки ҳанӯз кӯчак буданд, сарфаҳм намерафтанд, ки чаро якбора модарашон рафту дигар зан ба хонаи онҳо омад. Ин зан аз шавҳари Комила писарчаи 11-сола дошт. Вале ӯ худро ғамхору меҳрубон нишон дода, дар аввал духтарчаҳоро меҳрубонии сохта мекард. Комила бошад, ин вақт дар тахти табобати духтурони равоншинос қарор дошт.

Хоҳари ягонаи Комила ҳар рӯз хӯрок пухта, ба хабаргирии фарзанди падар мерафт. Комила ҳарчанд ҳушаш дар ҷояш набошад ҳам, ҳамеша шавҳару кӯдаконашро пурсон мешуд.

Табобати Комила зиёда аз 9 моҳ тӯл кашид. Баъди 9 моҳ духтур гуфт, ки апаатон бисёр фикр карда, худро касалӣ кардааст ва мебояд аз ин пас ӯ тамоман асабӣ нашавад, зиқӣ накунад.

Хоҳари ғамхор Комиларо ба хонаи худаш бурд. Комила гирякунон гуфт, ки ӯ ба хонаи шавҳар меравад.

- Апаҷон, шавҳарат зани дигар овард.

- Медонам Ҳадисаҷон, ман беақл нестам. Ин зан дар ҳаёти шавҳари ман пеш аз арӯс шудани ман вуҷуд доштааст ва ман ӯро маҳкум намекунам.

- Ту инро аз куҷо медонӣ?

- Охир, сабаби ин қадар ғамхӯрии ман ҳамин аст. Рашки зиёд маро ғамбода кард.

Комила духтари табиатан орому хушхислат буд. Дар беморхонаи деҳаашон ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард. Шавҳари ӯ Фарҳод ба хабаргирии ҷӯрааш омаду ӯро дида, аз дил гузаронид, ки барои чашми мардумро хок пошидану барои ҳавлии падарро соҳиб шудан бояд ин духтараки хушахлоқро хостгорӣ карда бигирад, то ҳаваси падар барои тӯю тамошо бишканад.

Фарҳод писари дувуми хонаводаашон буд. Падараш шарт гузошт, ки агар бо тӯю тамошо зан гирӣ, ҳавлии дар шаҳр бударо ба номат мегузаронам. Зеро падар огаҳӣ дошт, ки Фарҳод бо зани шавҳармурдаи аз худаш 10 сол бузургтари деҳаи поин никоҳ карда, ҳамчун зану шавҳари пинҳонӣ зиндагӣ доранд ва ин хабар ӯро рӯҳафтода карда буд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД