Дар Афғонистон як духтари тақрибан 14-16 сола бо силоҳи тамғаи Калашников, 3 ҷангҷӯи Толибонро, ки падару модарашро куштаанд ба қатл расонидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Pressa.tj дар истинод ба портали “The Guardian”.
Тибқи иттилои манбаъ ҳафтаи гузашта, тақрибан 40 ҷангҷӯи Толиб ба деҳаи Геривех ҳамла намуданд. Мақсади аслии Толибон ба қатл расонидани раиси маҳаллаи ин деҳа буд, зеро ӯ одами ҳукумати ва тарафдори ҳукумати кунунии Афғонистон будааст.
17 июл террористон ба хонае, ки раиси маҳал бо оилааш зиндагӣ мекард ҳамла намуда, саравал ҳамсар ва худи раисро ба қатл расонидаанд.
Ҳангоми вориди хона гардидан Камар Гул духтари хонадон АК-47-ро гирифта, ду ҷангҷӯи Толибонро, ки волидони ӯро куштанд ба қатл расонида, чанд нафари дигарро низ захмӣ кардааст.
Силоҳбадастон кушиш мекунанд, то духтару бародари 12-солаашро низ ба қатл расонанд, аммо мардуми деҳа ба кумакашон омада, ҷонашонро раҳо мекунанд. Ба гуфтаи полиси Кобул дар натиҷаи даргири байни Камар Гул ва Толибон 3-аъзои ҷангӣ ба ҳалокат расидааст.