Ғафурҷон Юсуповро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, табрик ва қадрдонӣ намуд.
Ӯ хонандаи синфи 10-уми Гимназияи №5 - и шаҳри Истаравшан аст, ки дар даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии "STEM" аз фанни математика иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал бо медали тилло гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 23 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии “STEM” доир гардид. Дар даврҳои фосилавии озмуни фанҳои табиӣ-риёзӣ, 114 давлат, 1200 муассиса, 900 омӯзгор ва зиёда аз 11 000 толибилмон иштирок намуданд.
Маросими қадрдонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии озмун, дар музейи “Илм ва саноат”-и шаҳри Париж, ки калонтарин музей дар минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад, доир гардид. Хонандагони тоҷик бо гирифтани 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.
Бояд гуфт, ки тайи як моҳи охир ин аллакай 11-ум дастоварди байналмилалии хонандагони тоҷик аст.