Дар ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо имкониятҳои парвариши ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда шинос шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз ҷониби деҳқонон беш аз 40 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз ба миқдори зиёда аз 1 миллиону 60 ҳазор бех парвариш карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҳамаи ниҳолҳо ба иқлими вилоят мутобиқ буда, тибқи қоидаву меъёрҳои соҳа парвариш ёфта, минбаъд ба фурӯш бароварда мешаванд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба деҳқонону кишоварзон тавсия додааст, ки майдони боғу токзорро боз ҳам васеъ намуда, коркарди баъдии маҳсулотро ба роҳ монанд.