Ин рӯзҳо аксарияти мардҳо тамоми айбу гуноҳро ба сари занҳо бор карда, боре намеандешанд, ки зан оҳанин нест. Зан як мавҷуди нозук аст, ки ба ғамхориву меҳрубонии пайваста ниёз дорад.
Вақте як духтараки ҷавон ба шавҳар мебарояду баъди як сол фарзанд таваллуд мекунад, бояд пурра бо тарбияи фарзанд ва барқарор сохтани саломатии худ машғул бошад. Дар аксари оилаҳои мо бошад, дар симои келин ғуломи ҳалқабаргӯшеро мебинанд, ки бояд мисли аскарон аз субҳи содиқ то ними шаб дар по рост истода, хизмати аҳли хонаводаи шавҳарро кунад
Ҳар боре сухан сари оилавайронии ҷавонон меравад, боз ҳам модаронро гунаҳкор мекунанд, ки духтарони худро ба оиладорӣ омода накардаанд.
Чаро боре намегӯянд, ки хушдоманҳо низ бояд келинро баробари фарзанди худ қабул кунанду ба ӯ кумак расонанд, дастгирӣ кунанд, на ин ки 24 соат айбу гуноҳашро ҷуста, азобу шиканҷа диҳанд. Хоҳиш мекунам, тамоми гуноҳро дар моҷароҳои оилавӣ ба сари зан бор накунед!
Нигора, хонанда