Хонандагони азиз! Ҳафтаҳои гузашта мо номаи як ҷавонзани азиятдидаи тоҷикро, ки аз ҷабру зулми хушдоман ва зӯроварии хонаводагӣ ба ҷон расидааст, бо унвони “Дӯзахи шавҳар беҳтар ё қошу қавоқи янга?” дар сомона нашр намуда будем.
Ҳилолахон ном хонандаамон ба ин нома ҷавоб навишта, зиндагии худашро нақл кардааст. Инак, номаи Ҳилолахонро айнан манзури шумо мегардонем.
Эй, хоҳари ҷон, ин сабру тоқат ҳамаш гап аст Инро аз таҷрибаи зиндагии худам мегӯям. Ман ҳам дар вақташ мисли шумо келини сархаму гапдаро будам. Хушдоманамро ҳамеша “буваҷон” гуфта, канизак барин аз субҳ то шом хизматашро карда мегаштам, аммо оқибат тори сарам баромада, лона кард. Ҳар қадар сабр мекардам, тоқат мекардам, хушдоманам торафт золимтару гандатар мешуд. Гирякунон мегуфтам, ки буваҷон, мана айбам чист, ки ин қадар азобам медиҳед, вале ба ҷойи он ки дилаш сӯхта, ҷабру ситамро бас кунад, хушдоманам баръакс золимтар шуда, аз таънаю маломат ва гапҳои қабеҳ ба мушту лагад гузашт ва маро мезадагӣ шуд.
Ҷонам ба лабам расида ба хулосае омадам, ки худамро мекушам, лекин баъд худ ба худ фикр кардам, ки агар худкушӣ кунам, ҳаром мемурам ва ин дунёву охиратам месӯзад. Қарор додам, ки баромада меравам, аммо аввал қасосамро мегирам.
Интизор шудам, ки кай хушдоманам боз ба сарам даст мебардорад, то ки адабашро дода, қасдамро бигирам. Интизориам тӯл накашид, зеро ду-се рӯз нагузашта хушдоманам боз мисли модаргурги бадхашм ба ман ҳамла карда, бо ҷорӯб ба сарам зада, гуфт, ки "ҳой, ходаи қоқ, хез, кору бори хонаро кун, чашмҳои булуқат дар хок, фақат корат хӯрдану хобидан..."
Дар номи Худо ҷонам, ҳамон рӯз дар хона касе набуд ва ман ҳам аз фурсат истифода бурда, ҷорӯбро аз дасташ гирифтаму ҷазояшро додам. Кампир илоҷе карда аз чангам раҳоӣ ёфт. Аз пасаш дод задам, ки агар як бори дигар падару модарамро ҳақорат кунад ё маро азобу шиканҷа диҳад, рӯзашро нишон медиҳам.
Азбаски то он рӯз ман ягон бор сари хамамро боло карда, ба рӯйи хушдоманам нигоҳ накарда будам, кампир якбора ба дарранда табдил ёфтани келини хаппакашро дида, талхакаф шуда монд. Хушдомани муштзӯрам акнун аз тарс дарақ-дарақ меларзид. Ман бо нафрату ғазаб ба рӯяш нигоҳ карда, ба хонаи хоби худам даромадам.
Азбаски аллакай ҳаво торик шуда буд, қарор додам, ки шабамро саҳар карда, субҳ тамоми чизу чораамро ғундошта баромада меравам, вале...
Саҳар хезам аллакай ҳама ҷо тозаю озодаву дастурхон партофтагӣ. Хушдоманам бо табассум ба рӯям нигариста “келинҷон, биёед дукаса наҳорӣ кунем” гӯён, маро ба сари дастурхон таклиф кард.
Кампир хатояшро фаҳмида, узру маънӣ пеш овард, ки зиндагӣ бе моҷарою гапу хабар намешавад, барои дупула гап шуда, оилаамро вайрону фарзандонамро бе падар накунам. Ҳамин тавр, баъди ҳамон ҷанҷоли сахтамон ману хушдоманам забони ҳамдигарро ёд гирифта, муросо мекардагӣ шудем.
Бовар кунед, акнун хушдоманам хушдоман не, ҷони одам шудааст. Сарам дард мекунад гӯям, давида дорӯ меорад. Ош пухтанӣ шавам, зуд дасту остин барзада, сабзӣ пок мекунад...
Ростӣ, ман ҳам кӯшиш мекунам, ки вазифаи худро ҳамчун келин иҷро кунам, то баҳонае барои ҷангу ҷанҷол пайдо нашавад. Хона мерӯбам, ҳавлӣ мерӯбам, хӯрок мепазам, ҷомашӯӣ мекунам, вале дигар иҷозат намедиҳам, ки маро таги по карда, дашному ҳақорат диҳанд, таъна кунанд, паст зананд ва нисбатам ҷабру зулмро раво дида, ба сарам даст бардоранд.
Хушдоманам бинад, ки ягон гапаш ба ман нафорида истодаасту каме қаҳрам хестагӣ, дарҳол садояшро паст карда, роҳи муросо меҷӯяд ва “келинҷон, фишори хунатон баланд шуд чи?” гӯён, маслиҳат медиҳад, ки камтар дароз кашида, дам гирам, кору бори хона гурехта намеравад.
Чизе, ки нақл кардам, афсона не, ҳақиқати зиндагии худи ман аст. Албатта ман гуфтанӣ нестам, ки келин бояд аз рӯзи аввал лаҷоми хушдоманашро ба даст гирифта, худро ҳокими хона эълон кунад. Аслан ман ҷонибдори ҷабру зулм нестам.
Ҳар кас бояд вазифаи худро дар зиндагӣ иҷро кунад. Келин вазифадор аст, ки тамоми кору бори рӯзгорро саришта карда, хонаву дарро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дорад, хӯрокҳои бомаза пазад, аз рӯфтану шустану пухтан бохабар бошад ва шавҳару хусуру хушдоманашро ҳурмату эҳтиром кунад, вале ин маънои онро надорад, ки келин ғулом ё канизак асту ягон ҳуқуқ надорад.
Хушдоман ҳам бояд келинро мисли фарзанди худаш қабул карда, дӯст дорад ва модарвор одобу русуми рӯзгордориро ёд диҳад, на бо таънаю маломат ва иғвоангезию шӯрандозию ҷангу ҷанҷол. Хушдоман, ки аз ҳад гузаронд, ҷони келин ҳам ба лабаш расида, коре мекунад, ки чашмони модаршӯй мош барин кушода мешаванд.
Беҳуда мардуми рус “какой привет, такой ответ” нагуфтаанд, некӣ кунӣ, некӣ мебинӣ, вале бадӣ, ки кардӣ, ҳатман бадии кардаат ба ту бармегардад.