Зиндагии вазнинамон маро водор менамуд, ки пас аз хатми мактаби миёна ба ҷойи таҳсиламро дар донишгоҳ идома додан, қатори дигар мардикорон роҳи Русияро пеш бигирам.
Ба модарам ваъда додам, ки Русия рафта, пули нағз кор карда меояму хоҳарони зебоямро ба шавҳар медиҳам. Ҳамин тавр, бо дуои падару модар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. Дӯстонам маро хуб қабул карда бошанд ҳам, таъкид намуданд, ки ин ҷо ҷойи бекорхӯҷаҳо нест. Қавл додам, ки миёнамро маҳкам баста, аз таҳти дил кор мекунам. Кор вазнин бошад ҳам, зиндагии душвори падару модарамро пеши назар оварда, лабамро газида, меҳнат мекардам, то пули ҳалол ба даст ораму қадре ҳам бошад, волидонам ҳузуру ҳаловати фарзандро бубинанд. Дӯстонам Анвар ва Наврӯз тез-тез маро ба дискокулубҳои шабона давъат мекарданд, вале ман ин ҷо коркунӣ омадаам, на духтарбозӣ гуфта, рад менамудам. Ба ҳолам хандида, баромада мерафтанд.
Ҳамин хел 9-моҳ кор карда 4 ҳазор доллар ҷамъ кардам. Мо дар иҷорахона мезистем ва ба ғайр аз ман ҳамаи ҳамроҳонам ошиқи дискотекаю духтарҳои рус буданд. Пули ёфтаашонро танҳо сарфи айшу ишрат бо оимчаҳои рус намуда, заррае парвои волидонашон надоштанд. Азбаски ман ҳамроҳашон духтарбозӣ намерафтам, чандон маро хуш надоштанд ва ошкору ниҳон «Аҳлиёр мардак нест, мисли занҳо ҳамеша дар хона мешинад» гӯён, масхара мекарданд. Ба мазоҳу масраашон аҳамият надода, овораи кору бори худ будам, бехабар аз он ки рафиқонам нисбати ман нияти баде доранду пайти муносиб меҷӯянд. Шабе хобам сахт бурдаасту омадани ҳамхонаҳоямро нафаҳмида мондам. Субҳ ҷойгаҳи рафиқонамро холӣ дида, хавотир шудам. Садо кардам, касе ҷавоб надод. Ба хонаи дигар гузашта дидам, ки ҳамаи либосҳоям дар рӯйи замин парешон хобидаанд. Аз пулҳоям хавотир шуда, дарҳол ба ҷустуҷӯйи маблағи пасандозам сар кардам. Пулро ёфтам, вале аз нисф зиёдаш набуд. Дуздони худӣ коғазчаеро аз худ ёдгорӣ гузошта будаанд. «Ҷӯраҷон, моро бубахш, ки пулҳоятро гирифтем. Моро шаб милисаҳо дастгир карда, барои шаробу банг заданамон «штраф» карданд. Маҷбурем, ки пулҳои туро ба онҳо пора дода, ҷонамонро халос кунем, набошад моро ҳабс мекунанд. Хафа нашав, ту бачаи меҳнатӣ-ку, боз кор карда, пул ҷамъ мекунӣ» навишта буданд дуздони бе инсоф.
Аз ғазаб сарамро ба девор зада, гиристам. Наход бо азоби алим кор куниву пулҳои бо хуни ҷигар ба даст овардаатро ҳамватанони худат аз пеши назарат ба яғмо баранд. Лаънат ба чунин тоҷикони бехудо!
Аҳлиёр, муҳоҷир аз Астрахан