Як сокини шаҳри Оклахомаи ИМА бо номи Аврора чанд моҳ пеш сагеро харидорӣ намуда, барои ташхис ба назди духтури ҳайвонот бурд. Тавре ташхис нишон дод, бо сабаби он ки миқдори зиёди дандонҳои ширии ин саг нарехта будааст, ҳамагӣ 70 дандон дорад.
Баъди амалиёти тиббӣ байторон 21 дандони ҷонварро канда партофтанд. Аврора барои ҷарроҳии душвор 770 доллар пардохт намуда бошад ҳам, заррае пушаймон нест. Тавре зан мегӯяд, агар табиб дандонҳои зиёдатии сагро намедид, соҳибаш онро ҳеҷ гоҳ пай намебурд.