Қалби шикаста (ҚИСМИ 2)
426

Синни Фазиламоҳ ба чил дакка мехӯрд, ҳамсинфонаш як-як фарзандонашонро хонадор карда, келин мефароварданд, духтар мебароварданд. Дар дили Фазиламоҳ ҳасаду бадбинӣ ҷо надошт, зеро он макони меҳри Худованди зулҷалол буд. Дар хурсандии ҳамсинфонаш иштирок карда, бо хандаи ширин мегуфт: “Тавба, ҳамсинфонам ба қариби бибию бобо мешаванду…”.

Дар хонаи бародарон аз чизе камбудӣ надошт, шабу рӯз меҳнат мекард, як пора нонашро ҳалол карда мехӯрд, вале соҳибони забони заҳрогин зиёд буданду дилашро озор медоданд…

Як воқеа ҳеҷ аз ёдаш намеравад ва бо ба ёд овардани он ашк гулӯгираш мекунад. Пас аз марги Санифа Фазиламоҳ бемор шуда ба беморхона афтид, чун бегоҳ мешуд беморон ҳама ба саҳни дармонгоҳ мебаромаданду хандаю шухӣ мекарданд Фазиламоҳ ба ин давраҳо кам шарик мешуд ва дар гӯшае рӯи харак нишаста ба мутолиаи китоб ё газетаҳо машғул мегашт, боре ҷавони зардинаи ситорагарм наздаш омада бо ӯ шинос шуд.

Хайриддин, ки аз Фазиламоҳ понздаҳ сол хурд буд ӯро апа хонд, ман апа надорам шумо апаи ман бо шухӣ гуфт ҷавон. Чун онҳо сиҳат ёфтанду ба хонаҳояшон баргаштанд Хайриддин Фазиламоҳро ба хонаашон талбида ба падару модараш шинос кард, модару бародарони духтар низ ин ҷавони самимиро чун пайванди худ қабул карданд.

Пас аз гузаштани як сол Хайриддин аз Фазиламоҳ хоҳиш кард, ки барояш арӯси бомаъние ёбад. Фазиламоҳ ин хоҳиши додархондашро рад карда гуфт:

- Ман дар ин корҳо тамоман пиёдаам, илтимос додарҷон худат ягон духтаррро интихоб намо.

Аммо Хайриддин ба ҷону ҳолаш намонд ва Фазиламоҳ духтараммааш Нозанин хоҳари Санифаро, ки донишгоҳи омӯзгориро хатм карда баргашта буд пешниҳод намуд. Хайриддин пеш аз хостгор фиристодан назди Фазиламоҳ омада гуфт:

- Апаҷон дар ҳақи хешдухтаратон суханҳои ҳархела мегӯянд, вале ман ба хотири шумо розиям ӯро ба занӣ гирам, инро ба худи ӯ ҳам гуфтам.

Фазиламоҳ низ шунида буд, ки Нозанин он қадар ахлоқи хуб надорад, вале дили покиза дошту ба овозаҳо бовар намекард. Хайриддин тӯйи бошукӯҳе барпо карда Нозанинро ба хонаашон бурд, вале баъди як соли зиндагии якҷоя бо волидон хонаву дари падариро ба додари хурдияш дода худ ба маркази ноҳия кӯч баст. Аз он ки Нозаин хушбахт шуд, Фазиламоҳ хеле хурсанд буд вале…

Хайриддин ҳар гоҳи ба хонаи хусуру хушдоманаш омадан албатта дастовез бардошта ба хабаргирии апахондаш меомад, дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳо Фазиламоҳ аз қафои додархондаш то хонаи аммааш рафт.

Дарро Нозанин кушод ва шавҳарашро бо апахондаш дида бо овози баланд гуфт:

- Кай бас мекунӣ ҳамин холабозиятро?! Ин қадар маъқул буд чаро ҳаминро нагирифтӣ?!

Бо шунидани ин суханҳо гӯшҳои Фазиламоҳ қуфл заданд, дигар намешунид, ки ҳамроҳонаш чӣ мегӯянд. Баъди ҳамин воқеа ӯ робитаашро бо Хайриддин канду шишаи бовараш низ шикаст, дигар ба касе бовар надошт…

Афсонаи умр

Садои азони намози бомдод, ки аз масҷиди деҳа меомад риштаи хаёлҳои ғамангези духтарро канд. Фазиламоҳ барои модараш оби таҳорат тайёр карда ӯро бедор кард. Модару духтар якҷоя намози бомдодро хонданд, Фазиламоҳ сарам дард мекунад гӯён ба болишт сар монд чун бедор шуда ба соати телефонаш нигаист ҳуш аз сараш парид, вой- шарманда соат як шудааст гӯён аз ҷой бархост. Аз меҳмонхона садои занона меомад, янгааш бо табассум гуфт:

- Меҳмон дорем.

Баъд маълум шуд, ки меҳмонон хешони дури модараш ва хостгорони ӯ буданд. Ин ду зан Фазиламоҳро барои акаи занмурдаашон хостгорӣ мекарданд, аммо духтар пойро дар як мӯза тиқонда рад мекард. Духтарам ту ҷиянҳоятро, ки гавҳораашонро меҷунбондӣ ба шавҳаро додию онҳо фарзанддор шуданд, ин занҳо набераҳои тағоям мешаванд, акаашон аз ту понздаҳ сол фарқ дорад.

Марди зебои диданӣ, тоҷир ва сарватманд аст, бахтатро пеши по назан- илтимос мекард модар. Аммо Фазилмоҳ шавҳар карданӣ набуд. Оқибат хешу табор маслиҳат карда Фазиламоҳро ғайрихоҳишаш ба Назар доданд. Фазиламоҳи покдоман, ки банди дасташро марди надошта буд ба зудӣ ба шавҳари чорпаҳлуи зебо ва меҳрубонаш меҳр баст. Фарзандони Назар, ки ҳамагӣ соҳиби хонаю дари худ ҳастанд зани падарашонро апа мегӯянду эҳтиромашро ба ҷо меоранд, Фазиламоҳ фарзанди нахустинашро интизор аст, бисёр мехоҳем афсонаи умри ҳар бонуи ғамдида чунин ширин анҷом ёбад…

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД