Sebiston new 2024 october
Алӣ пулҳоямро хурду маро бе хона кард
4178

Замира Одилова ба фиреби Алӣ ном марди 65-сола афтода, $7 000 -и худро аз даст додааст.

Ҷабрдида ба хабарнигорон дар ин бора гуфтааст: "Ман Одилова Замира, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Вахш ҳастам.Соли 2008 бо Алӣ гуфтани марди солхурдае дар таксӣ шинос шуда, чӣ гуна ба доми фиреби ӯ афтодам, худам нафаҳмида мондам. 
Дар роҳ бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда,аз тарзи суханрониаш фикр кардам,ки одами босаводу ростқавл аст.Ҳама дарди диламро ба ӯ гуфта дар охир гуфтам, ки хона надораму дар ҷустуҷӯи замини назди ҳавлигӣ ҳастам. Бо шунидани ин сухан авзои Алӣ дигар шуду ба ман пешниҳод кард,ки агар ба ӯ $7 000  диҳам, дар наздиктарин фурсат барояш  0,10 – сотих замин ёфта медиҳад. Ман ки ба “хоҳарҷон” гуфтанҳои ин марди дурӯя бовар карда будам, ба ин пешниҳод зуд розӣ шудам. Субҳи рӯзи дигар бо ин мард дар назди бозори ноҳияи Вахш вохӯрда ба ӯ $7 400 додам.Ӯ пулро гирифта гуфт, ки баъди ду рӯз ба ӯ занг занам ва рақамҳояшро, ки дар қоғазча навишта ба дастам дод. Баъди ду рӯзи ин ҳодиса ба рақамҳои дар варақча буда занг задам ва дар ҷавоб инро шунидам:”Рақами мавҷуд набуда гирифта шуддаст!”. Баъдан ҳарқадар Алиро ҷустуҷӯ кардам пайдо карда натавонистам ва маҷбур шудам ба мақомоти дахлдор ариза нависам"!


МакГрегор Ҳабибро шикаст медиҳад?


Баъди ба идораи суд ариза навиштан, дар як муддати кутоҳ ин марди қалобро пайдо намуда ба маҳкама кашиданд. Тафтишод аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи мақомоти ноҳияи Вахш идом адорад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД