Arzon march 2024
Актрисаи тоҷик чи тавр ситораи кинои ӯзбек шуд?
776

 

Устоди ҳунар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева 80-сола шуд. Номбурда пас аз иҷрои нақши Гурдофарид дар филми “Рустам ва Суҳроб” барои ҳамеша дар қалби мардуми тоҷик ошён гузошт.

Феълан, Сайрам Исоева бештар ба коргардонӣ машғул аст ва дар Театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, роҳбари ансамбли “Бибиҳо” аст. Чанде пеш бо ин ҳунарманди маҳбуб суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем...

 Баскетболбозе, ки актриса шуд!

- Аз хонаводаи Шумо хоҳарбузургатон Марям Исоева роҳи ҳунарро интихоб карданд. Чӣ зарурат буд, ки шумо ҳам аз пайи эшон равед?

-Бовар кунед, ман ҳеҷ гоҳ орзуи актриса шуданро накарда будам. Дар наврасӣ бисёр шӯх будам. Ҳангоми таҳсил дар мактаби деҳаи Пахтаободи шаҳри Регар ба варзиш майл доштам. Бозигари хуби баскетбол ва капитани даста будам.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро мегирифтем. Дар умрам театрро надида будам ва дар бораи ин касб тасаввурот ҳам надоштам. Вале тақдир маро баъди хатми мактаб ба Институти санъати ба номи А. Островскийи шаҳри Тошканд бурд.

Албатта, нақши хоҳарбузургам, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева низ дар сарнавиштам муассир буд. Ман ба ҳунари эшон сари таъзим фуруд меорам...

-Нақши аввалинатонро дар кино замони донишҷӯӣ иҷро кардед. Он ҳам дар филми режиссёри бузург Борис Кимягаров. Ба ин муваффақияти калон чӣ гуна ноил гардидед?

-Ман дар Институт хеле шармгину ором будам. Устодам Христофор Моисеевич мегуфт, ки ту маҳорат надорӣ, оянда дар театр кор карда наметавонӣ. Аз ҳамин хотир, дар намоишҳои институт нақшҳои хурдро бароям медод.

Ба ман бовар надошт. Ҳамон сол аз киностудия омада, аксҳои моро гирифта буданд. Ҳангоми таҳсилам дар курси 3 маро Борис Кимёгаров барои иҷрои нақши Лутфия дар филми “Дигар оромӣ намешавад” даъват кард.

Қаҳрамони ман дар ин филм духтаракест, ки ба ҷавони дӯст намедоштааш хонадор мешавад. Коргардони филм, Борис Кимёгаров маро ҳамчун актриса кашф кард. Ҳамин тавр, роҳи ман ба “Тоҷикфилм”, “Мосфилм”, “Ӯзбекфилм” ва “Қирғизфилм” кушода шуд.

-То имрӯз дар синамо чӣ қадар нақш иҷро кардед?

-Нашуморидаам. Шояд аз 50 бештар бошад.

Пушаймон нестам!

-Бисёриҳо мегӯянд, ки Сайрам Исоева бояд ба пойтахт меомад. Аз он ки як умр дар Хуҷанд кору зиндагӣ кардед, пушаймон нестед?

-Гурӯҳи моро баъди хатми Институт ба театри Хуҷанд фиристоданд, зеро дар ин ҷо ба кадрҳои ҷавон ниёз доштанд. Қарор буд, ки ду сол дар ин театр кор карда, баъдан ба Душанбе равем.

Ду сол хидмат кардем ва баъди он ба Театри Лоҳутӣ даъват шудем. Ҳамон вақт шавҳарам, Ислом Саломовро барои таҳсил ба курси коргардонӣ фиристоданд. Баъди хатм ба вазири вақти фарҳанг Меҳрубон Назаров, ариза навиштем, ки ин қадар сол гузашт ва акнун метавонем ба Театри Лоҳутӣ гузарем.

Эшон розӣ шуданд, вале бузургони Театри Хоҷа Камол Одилҷон Назаров ва Мӯътабар Иброҳимова нагузоштанд, ки тарки театр кунем. Онҳо “шумо ба Душанбе равед, аҳволи театр бад мешавад” мегуфтанд.

Падарам ҳам насиҳат карданд, ки "дарахт дар як ҷо месабзад" ва бо ҳамин дар театри Хуҷанд мондем. Ман аз он ки як умр дар Театри овозадори ба номи Камоли Хуҷандӣ кор кардам, пушаймон нестам. Ин театр, хонаи ман. Ман ҳеҷ гоҳ ба он хиёнат накардаам.  

-Дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ солҳои зиёд ҳамчун саркоргардон фаъолият доштед. Дар таърихи театри тоҷик шумо ягона бонуе ҳастед, ки саркоргардон будед...

-Рости гап, ҳеч гоҳ орзу намекардам, ки вазифа дошта бошам. Ман эҷодкор ҳастам. Саркоргардон шуданам низ ногаҳонӣ буд. Вақте чунин пешниҳод шуд, рад кардам.

Гарчанде чандин асарҳои калонро ба саҳна гузошта бошам ҳам, ин вазифаи сангинро ба дӯш гирифтанӣ набудам. Вале кор то ба раиси вилоят мерасад.

Эшон маро даъват карда гуфтанд: “Сайрам, мегӯед, театр оилаи ман аст, вале оилаатон вайрон шуда истодааст”. Гуфтам, оила ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад. Ман эҷодкор ҳастам ва ба ман курсӣ даркор нест.

Ман на аз давлат, балки давлат аз ман қарздор аст. Пурсид, чӣ тавр? Гуфтам, ман Сайрам Исоева ҳастам ва бояд кадр тайёр кунам. Барои он ки ба театр ҷавонон кам меоянд.

Пешниҳод шуд, як сол корро қабул кунам, то кадре тайёр шавад. Ҳамин тавр, дурудароз дар ин вазифа кор кардам.

Вақте шогирдам, Қурбон Бобоҷонов, донишгоҳро дар Маскав бо ихтисоси коргардон хатм карда омад, масъулиятро ба дӯш гирифт. Ҳоло театр дар дасти ҷавонон аст. Хуб кор карда истодаанд. Ман ба кори эҷодӣ, таҳияи спектаклҳо машғулам.

 Аввалину охирин Гурдофарид

-Бузургтарин нақши шумо дар “Тоҷикфилм” нақши Гурдофарид аст. Ин нақш чӣ гуна ба шумо насиб гардид?

  • Маро шахсан коргардони филм Борис Кимёгаров ба “кинопроба” даъват карданд. Дар “кинопроба”-и филми “Рустам ва Сӯҳроб” актрисаҳои машҳур, духтарони соҳибҷамолу хушқомат зиёд омада буданд. Ростӣ, аввал ман онҳоро дида, ҷуръат накардам, ки ширкат кунам, вале апаам Майрамҷон гуфтанд: “Дар оилаи мо бозгашт нест! Туро шахсан Кимёгаров даъват кардааст. Ҳатман ширкат кун!” Ҳамин тавр, ин нақш насиби ман шуд. Борис Кимёгаров гуфтанд: “Сайрам, ту аввалину охирон Гурдофарид ҳастӣ!”.

Лекин интихоби актёр барои иҷрои нақши Суҳроб душвор буд. Беш аз 20 номзад ширкат карданд ва ман бо ҳар яки онҳо дар кинопроба нақш бозидам. Ҳамин тавр, Ҳошим Гадо дар ин нақш пазируфта шуд ва мо дар ин шоҳкори синамои тоҷику ҷаҳон нақш офаридем.

-Дар вақти иҷрои нақши Гурдофарид аз асп афтида, ҷароҳат низ бардоштед?

-Бале. Ман аз хурдӣ аспсавориро дӯст медоштам. Аспи падарамро савор мешудам. Дар филми “Рустам ва Суҳроб” зарур буд, ки аспсаворӣ кунам.

Ҳамроҳи ду аспсавор дар Ипподроми Душанбе ду моҳ аспсавориро тамрин кардем. Ҳангоми сабт низ ҳамааш хуб буд, вале ноомаде шуду аз асп афтидам. Сахт ҷароҳат бардоштам, ҳатто ҷарроҳӣ шудам...

-Дар замони Истиқлол камтар дар филмҳо нақш мебозед. Сабаб чист?

-Аввал ин ки дар солҳои 90-ум ва аввали 2000-ум дар кишвари мо шароити филмофарӣ набуд. Аҳён-аҳён филмҳо сабт мешуданд, ки дар чанде аз онҳо нақш иҷро кардам.

Тавре медонед, ман бештар дар “Ӯзбекфилм” нақш офаридаам. Баъди соҳибистиқлолӣ муносибати кишварҳо сард шуду имкони ширкат дар филмҳои Ӯзбекистон низ набуд. Дигар ин ки масруфи кори театр будам. Ҳамин аст, ки пешниҳодҳои зиёдеро рад кардам.

Я ваша Сайрам!

-Чӣ омил сабаб шуд, ки ситораи кинои ӯзбек шудед?

-Вақте режиссёр Комил Ёрматов филми “Одна среди людей”-ро, ки ба саргузашти шоира Нодирабегим бахшида шудааст, оғоз карданд, маро барои иҷрои нақши асосӣ даъват карданд. Сабти филм оғоз шуд. Комил Ёрматов бемор шуданду наворбардории филмро ёрдамчиашон идома дод. Ин филм зуд шуҳрат ёфт. Ҳамин тавр, дар филмҳои зиёди истеҳсоли “Ӯзбекфилм” нақш офаридам.

-Яке аз нақшҳои мондагори шумо дар “Ӯзбекфилм” иҷрои нақши “Ӯзбекойим” аст. Чаро иҷрои ин нақши таърихӣ ва муҳим ба дӯши шумо гузошта шуд?

-Ин филм аз соли 1992, баъди пошхӯрии Шӯравӣ аз рӯйи асари “Ӯткан кунлар”-и Абдулло Қодирӣ гирифта шуд. Вақте он сол маро барои иҷрои ин нақш даъват карда буданд, ман баҳонаи баста шудани сарҳадҳоро пеш оварда, даъватро рад карда будам.

Таҳиягарони филм боисрор гуфта буданд, ки даъватро бипазирам. Чун ин хоҳиши президент Ислом Каримов аст. Гӯё, ӯ гуфта будааст, ки “актрисае, ки Нодирабегимро бозӣ кардааст, ҳамонро ҷеғ занед”.

-Ӯзбекҳо шуморо борҳо қадрдонӣ кардаанд. Соли гузашта низ бароятон ҷоиза ва 20 ҳазор доллар маблағи пулӣ доданд. Чӣ эҳсос доштед?

-Бале, соли 2019 низ дар кинофестивали умумихалқӣ соҳиби ҷоизаи “Олтин Ҳумо” шуда будам ва соли гузашта дар синамобазми байналмилалӣ “Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим” дар қатори ҳунармандони машҳури ҷаҳонӣ - Раҷ Капур, Никита Михалков, Нури Билге Ҷейлан ва Айтурган Темирова ба ман ҷоиза доданд.

Ин хушбахтии на фақат ман, балки тамоми аҳли ҳунар аст. Ман пеш аз ҳама хушбахтам, ки пули ду миллат, тоҷику ӯзбек шудам. Он рӯз ӯзбекон маро мегуфтанд, “это наша Сайрам!”, тоҷикон низ мегуфтанд: “Это наша Сайрам”. Ман бо ифтихор мегуфтам, ки “Я ваша Сайрам!”

 Аз ғам намегӯям...

-Дар фосилаи начандон тӯлонӣ ҳамсаратон Ислом Саломов ва духтаратон Саодат Саломоваро, ки дар театр ва синамо чеҳраҳои шинохта буданд, аз даст додед...

 -Ду қаноти ман поин шуд, лекин рӯҳафтода нашудам. Баъд аз он хонаи асосии ман театр шуд. Пештар хонаи дуюмам буд, акнун хонаи аввалам шуд. Биёед, имрӯзҳо аз ғам нагӯем.

-Чӣ орзу доред?

-Орзу дорам, Куруши Кабирро ба саҳна гузорам...

-Аз зиндагӣ чӣ сабақ гирифтед?

-Ман ғалтида хеста дар театру кино Сайрам Исоева шудам. Лаҳзаҳои душворро аз сар гузарондам. Ба ҳама чиз тоқат мекардам. Солам асп аст, як умр ҳамчун асп аробаи ҳаёту театрро кашола кардам. Ҳозир ҳам кашола мекунам. Тайёрам, ки ҳамаи таҷрибаву истеъдодамро ба ҷавонҳо диҳам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД