Аксияи тарғиботии «Занон бо хушунат мубориза мебаранд!»
28.11.2025
Oila.tj
62

Дар доираи тадбири “16 Рӯзи мубориза бар зидди хушунат дар оила” бо ибтикори бахши кор бо занон ва духтарони Раёсати корҳои тарбиявӣ ва Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Занон бо хушунат мубориза мебаранд!» аксияи тарғиботӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои Академияи мазкур, мақсади баргузории аксия тарғиби пешгирии хушунат дар оила, бедор кардани масъулияти занон ҷиҳати мубориза бо зӯроварӣ дар оила, фаҳмонидани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва ташвиқи ҳаёту зиндагии солим мебошад. Инчунин, ташаббус ба он равона гардидааст, ки сатҳи саводнокии ҳуқуқии занону духтарон боло бурда шуда, тарзи дурусти ҳалли ихтилофҳои оилавӣ, роҳҳои дарёфти ҳимояи ҳуқуқӣ ва механизмҳои муроҷиат ба мақомоти марбута ба онҳо муаррифӣ гардад.

- Аксия на танҳо маърифатӣ, балки амалии ҷиддӣ буд, ки барои таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа ва афзоиши нақши ӯ дар пешгирии хушунату зӯроварӣ заминаи устувор фароҳам овард,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД