Имрӯз дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мусибат рух дод. Модари 81 – солаи ӯ Бисаломат Ҳайдарова аз олам гузашт. Сабаби даргузашти модари Ҳакимзода гуфта нашудааст.
Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода - сухангӯи раиси вилоят хабар дода, бо аҳли хонавода ва ёру пайвандони Ҳакимзода аз ҳамдардӣ кардааст.
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бинобар даргузашти модарашон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба пайвандони марҳум сабр орзу кардаанд.
"Бо арҷгузорӣ ва ситоиш аз хираду наҷобат ва бузургии модари марҳума, ки олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ буданд ва бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори фарзандонро зеб медоданд, мо – кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бори дигар ба Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бинобар реҳлати бемаҳали модарашон таслият арз менамоем", - омадааст дар таъзиянома.
Қурбон Ҳакимзода 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Ӯ соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агрном хатм кардааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ буда, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад. Аз 14 январи соли 2019 то инҷониб раисии вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.
P. S: Аҳли эҷоди сомонаи "Оила" ба раиси вилоят изҳори амиқи ҳамдардӣ намуда, барояш сабри ҷамил мехоҳад.