Вазорати корҳои дохилии кшвар аз боздошти як марди 40 - солае хабар додааст, ки бародарашро бо корд задааст.
Бино ба хабари ин мақомот ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40 - солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 6 - уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00 дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38 – солааш ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.