Имрӯзҳо мардум села села ба Ҳаҷ мераванд, ҳатто ҳаннотони бозор ва фоҳишаҳо низ феълан номи ҳоҷиро гирифтаанд.
Магар ин дуруст аст? Оё ҳаҷи чунин нафарон қабул мешавад?
Низорамоҳ, ш. Турсунзода.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, тавофи Каъба яке аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом ба шумор меравад. Аз ҳамин хотир ҳар як фарди мусалмон орзу мекунад, ки хонаи Худоро зиёрат намуда, сазовори номи баланди ҳоҷӣ гардад. Дуруст аст, ки солҳои пешин ҳоҷиён ангуштшумор буданд, аммо бо мурури замон имкониятҳои иқтисодии мардум васеътар гашта, шумораи ҳоҷиён батадриҷ меафзояд. Подоши амалро Худованд ба бандагонаш медиҳад, на мову шумо. Савдогаре, ки беинсофӣ мекард ё зане, ки танфурӯшӣ мекард, агар тавба карда, рӯ ба ҷониби Худо оварда бошанд, ҳеҷ бадие надорад. Ин баръакс хуб аст, зеро Худованд бахшандаи гуноҳи бандагонаш аст. Бинобар ин, шумо Ҳаҷ рафтани одамонро маҳкум накунед, баръакс дуо кунед, ки Худованд ба чунин инсонҳо тавфиқ диҳад.