Arzon march 2024
Агар шавҳарам барнагардад, дар хонааш шавҳар мекунам!
18.04.2020
Р. Азимӣ
3903

Саломат:

Беваи шавҳардорам

Шавҳарам аз рӯйи касб омӯзгор аст, вале «бо маоши муаллимӣ аз гуруснагӣ мемурем» гуфта, чандин сол аст, ки кишвари русро макон намудааст. Маблағи мефиристодааш базӯр ба хӯроку пӯшок мерасад. Ду фарзандамро бе шавҳар оиладор карда, аз шиносу ношинос қарздор шудам. Қарздорон ҳар рӯз ба дарам омада, таҳдид мекарданд, маҷбур шудам, ки ба бозор бароям. Нимаи шаб аз хона баромада, аз деҳқон линчаҳои вазнини сабзавотро мехараму рӯзона дар бозор савдо мекунам. Тасаввур мекунед, ки барои зани танҳо чӣ қадар душвор аст, бе пушту паноҳ, назди ҳар марду номард сар паст кардан.  Сахт азоб мекашам, шавҳарам бошад, заррае парвои ман надорад. Соле танҳо як маротиба бо ду танга пул ба Ватан меояду то рафтанаш аз хона намебарояд. Чанд маротиба хоҳиш намудам, ки ҳамроҳам ба бозор баромада дар кори савдо ба ман кӯмак расонад, то дукаса кор карда, аробаи зиндагиро кашем, вале падари фарзандонам ба гапам гӯш намедиҳад. Намедонам дар ҳамон мулки рус чӣ ёфтааст, ки ҳеҷ аз Русия дил канда наметавонад. Азобҳои алими муҳоҷиратро аз зиндагӣ бо зану фарзандон ва нафаси осуда кашидан дар ватан авло дониста, беҳтарин солҳои умрашро дур аз ёру диёр мегузаронад. Диламро гургон тала мекунанд, ки шояд ягон хонуми русро ёфтаасту дигар мо ба ёдаш намерасем. Умрамро бе шавҳар гузарондам, фарзандонам низ аз дидори падар сер нестанд, чунин зиндагии беранг ба дилам задааст. Тавассути сомонаи шумо бори дигар аз назди шавҳарам гузашта, гуфтаниям, ки агар дар дилаш нисбати мо ягон зарра меҳру муҳаббат дошта бошад, ба хона баргардад, набошад дар хонаву дараш бо сари баланд шавҳар мекунам. Баъд нагӯяд, ки аз пешам як маротиба нагузашт. 

Аҳмад:

Аз мулки рус дил канда наметавонам, занак!

Солҳои бепуливу қашшоқӣ муҳоҷир шуда ба кишвари дурдасту сарди рус афтидам. Аз кору бори сохтмон заррае бохабар набошам ҳам, аз маҷбурӣ ҳар кореро, ки пешниҳодам мекарданд, мекардам. Намедонам поквиҷдониву росткориям ба русҳо хуш омад ё симои русбашараам, ки дар тӯли ин солҳо ҳамеша музди корамро дар вақташ мегирифтаму боре мавриди таҳқиру хушунати ин мардум қарор нагирифтаам. Дар давоми 20 соли дар Русия буданам чунон ба ин кишвар хӯ гирифтам, ки вақте ба Тоҷикистон бармегардам, қувваи ноаёне маро дубора ба Русия мекашад. Занам пайваста ба ман занг зада, муноқиша мекунад, ки дар ин ҷо зани дигар дораму барои ҳамин ба Ватан бар намегардам. Намедонам аз баргаштани ман ба ӯ чӣ фоида бошад, ки пайваста омадани маро талаб мекунад. Ба занам гуфтаниям, ки дар ин ҷо зан надорам, вале ба ин кишвар сахт дил бастаам. Чанд маротиба дар фасли зимистон ба деҳаамон баргашта, аз бебарқиву хунукӣ чунон зиқ шудам, ки ногуфтанӣ. Бо дидани яхдони холиву хонаи сард ва кӯдакони нимгурусна асабам хароб гашта, дубора ба муҳоҷират рафтам.

Маслиҳати равоншинос

Бародари азиз! Шумо дар чанд сол як маротиба ба Ватан омада аз камбудӣ шиква мекунеду фикр намекунед, ки барои зану фарзандонатон дар танҳоӣ кашидани аробаи зиндагӣ то кадом андоза душвор аст. Шумо аз Ватан не, аз мушкилиҳои зану фарзандонатон мегурезед. Фикри ояндаи худро кунед, вақте ки пир шуда ба назди зану фарзандонатон баргаштед, онҳо чунин падари хонабезорро қабул мекунанд ё не?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД