“Шантаж” -и зани 31 сла аз ҷониби ду ҷавон
Ду сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт як зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Понғоз муроҷиат карда, аз он шиква намудааст, ки аз моҳи январи соли 2021 инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, пайваста ӯро таҳдид мекунанд, ки гӯё дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд ва агар 4000 сомонӣ надиҳад, он наворҳоро паҳн намуда, ӯро шармандаи дӯсту душман месозанд.
Пас аз шикояти ин зан дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ҷавони 20-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Понғозии ҳамин ноҳияро ҳангоми ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир карданд. Алайҳи гумонбарон бар асоси моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) -и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.