Қабилаи «Динка» дар Судони Ҷанубӣ ба сар мебарад. Барои издивоҷ дар ин қабила аз 100 то 500 гов маҳр муқаррар шудааст.
Шумораи говҳо ба қади духтар вобастагӣ дорад, яъне ҳар қадар баланд бошад, теъдоди гов ҳамон қадар зиёд мешавад. Бо арӯс ба таври махсус муносибат мекунанд. Пас аз ба шавҳар баромадан, арӯси нав 4 сол хӯрок намепазад, ҳеҷ кори хонаро намекунад. Ин давраро давраи қабули лутфу марҳамат дар хонаи нав меноманд.
Агар модару хоҳари домод набошад, давоми 4 сол худаш хӯроки арӯсро мепазад, шустушӯй мекунад, обу ҳезум меорад ва дигар корҳои хонаро анҷом медиҳад.