Садои кӯфтани дарбача ӯро аз навиштани хулосаи айбдорӣ боздошт. Донист, ки гадодухтар ташриф овардааст. Як панҷсомониро гирифта берун баромад. Дарбачаро кушод. Ин дафъа ҷӯгидухтар сар ба зер нагирифт. Нигоҳи барқомези чашмони шаҳлои ҷӯгӣ рост ба рӯйи ҷавонмард равона буд.
Дили Файзуллоро ин нигоҳи омӯзанда қадре ба ҷунбиш овард ва ӯ ҳангоми пулро ба кафи гарми гадо гузоштан беихтиёр савол дод:
- Чӣ ном дорӣ?
- Мафтуна,- овози духтар каме бо ҳаяҷон садо дод.
- Уҳ-ҳу,- ба шӯхӣ гузашт Файзулло.- Модарат барои мафтун кардани ҷавонон ба ту ҳамин номро мувофиқ донистааст.
- Шаккокӣ накун,- гӯё духтар қаҳр кард, ки бо итоб тоб хӯрда, ба сӯйи хонаи ҳамсоя раҳсипор гашт.
Хиромон қадаммонӣ, фатонату нозу итоби духтар ба пешорӯяш лаҳзае симои париваши ҳамсарашро намоиш дод. Чанде ба худ андешид. Ҳеҷ мумкин нест, ки ин ҷӯгидухтар ҷойи маҳбубаи меҳрубонашро гирад. Вале аз чӣ бошад, ки якшанбеи ояндаро бо бетоқатӣ интизор шуд.
Ҳамин ки садои кӯфтани дарбачаро шунид, як бистсомониро чанг зада, якумин бор ба сӯйи кӯча давид.
Духтар бо дасти дароз намудаву бо нигоҳи ба замин дӯхта, чун дарахти сарв рост меистод. Файзулло пулро ба кафи дасти ҷӯгӣ гузошта, ҳарорати гармӣ гӯиё ҷараёни барқ буд, ки баданашро сӯзиши ҳаловатбахше фаро гирифт. Ҷуръат карда, каме бо шӯхӣ гуфт:
- Чӣ мешавад, ки бонуи шӯхшанг чароғи хонадони ман шавӣ ва ба дили дардмандам малҳам бахшӣ.
- Ин хаёли хомро аз сар бадар бикун,- ранҷишомез посух гардонд Мафтуна.
- Чаро?,- Файзулло бо тааҷҷуб китф боло кашид.
- Магар фаромӯш кардӣ, ки,- духтар саҳл овозашро баланд кард,- дини ислом бастани ақди никоҳро бо духтарони ҷӯгӣ ва ҷуҳуд манъ кардааст.
- Агар гулдухтарони миллатҳои номбар карда дини исломро қабул кунанд, чаро мумкин набудааст,- ҷавонмард ба чизе умед мебаст.- Як зани пайғамбари ислом намояндаи қавми яҳуд буд.
- Дуруст,- ҷӯгидухтар ин фикри ҷавонмардро тасдиқ кард.- Аммо пас аз он ки арабҳо ба мулки Исроил ҳуҷум карданд, тарафдорони дини ислом ин равияро ҷорӣ намуданд, ки он то замони мо побарҷост. Ҳодисаҳои ба ҳамсарӣ пазируфтани намояндаи ду дин аҳён-аҳён ва он ҳам ба тариқӣ пинҳонӣ ба чашм мерасад.
- Ъэ, офарин,- лаб ба таҳсин кушод соҳиби манзил.- Пас чаро ба таклифи ман розӣ намешавӣ?
- Зеро ки ягон мулло хутбаи никоҳи моро намехонад,- ҷӯгидухтар ин далелро номбар кард.
- Ҳалли ин масъала ба зиммаи ман,- нобоварии духтарро барҳам заданӣ шуд Файзулло.
- Боз тарафи дигари масъала вуҷуд дорад,- Мафтуна гардан намефаровард.
- Боз кадом?
- Аз замонҳои қадим халқи ту мо ҷӯгиёнро дурӯғгӯю қаллобу фиребгар мешуморад, чуноне ки ҳазрати Ҳофиз сурудааст:
Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез,
Дурӯғваъдаву қаттолвазъу рангомез.
(Давом дорад)
Зариф ҒУЛОМ