Пас аз хатми донишгоҳ тӯйи хонадоршавиашонро дар тарабхонаи овозадори «Яккачинор» гузаронданд.
Комиссияи тақсимот ҷуфти хуштолеъро ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ фиристод. Вазир бошад, бо фармони худ Файзуллоро ҳамчун муфаттиш ва Файзигулро нозир оид ба корҳои ноболиғон ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кофарниҳон таъин намуд. Бо пешниҳоди маъмурияти шуъбаи корҳои дохилӣ Ҳукумати ноҳия ба ихтиёри оилаи ҷавон дар бинои панҷошёна як хонаи сеҳуҷрадорро супурд. Файзулло ин хонаро бо пардохти каме маблағ бо ҳавлии харрот Василий иваз намуд.
Моҳи асал бо шодиву нишот паси сар шуду Файзигул ба беморхона афтид. Табиби муолиҷагар як бегоҳӣ Файзуллоро ба гӯшаи хилват бурда, оҳиставу оромона ба гап даромад:
- Бародар! Аз қисмат ҷойи гурез нест. Ҳамсарат мубталои бемории ирсии саратони гурда мебошад. Дилатро қавӣ гир. Ҳоло илми тиб давои ин бемории даҳшатангезро ихтироъ накардааст.
Пас аз як моҳ ҷасади Файзигулро ба хок супориданду Файзулло дар чор девори хона танҳо бо ғаму ғусса монд. Дунё ба назараш тира гашт. Ба кор бо дили нохоҳам мерафт. Муносибаташ бо ҳамкорон дилсардона буд. Ҳеҷ касро дидан намехосту ҳарфи ғамхоронаи рафиқонаш ба гӯшаш намедаромад. Баъди кор аз хона намебаромад ва касеро қабул намекард.
Боз се моҳи дигар гузашт. Ҷӯгидухтар ҳар моҳ як маротиба ва танҳо дар рӯзи якшанбе пайдо мешуд. Ин дафъа ба дасти духтар пулро часпонда пурсид:
- Чаро фақат ту ба ин кӯча барои гадоӣ танҳо меоӣ?
- Чаро ки саравлод маҳаллу деҳаву кӯчаҳоро байнамон тақсим кардааст, - чун одати доимӣ ба замин нигоҳ карда духтарак ҷавоб гардонд. - Ман ҳақ надорам, ки аз амри ӯ сарпечӣ кунам.
Овози талбанда басе нарму гуворо ва форам ба гӯши соҳиби манзил расид. Гадодухтар тоб хӯрда, қади мавзун ва кокулони дарозашро алвонҷ дода, ба хонаи ҳамсоя даромада рафт. Ин лаҳза аз радио овози ширадору шӯрангези ҳофизи номӣ Зафар Нозим ба гӯш расид:
Қади мавзуну расо дорӣ, ҷононаи ман,
Рост бигӯ дил ба куҷо дорӣ, мастонаи ман.
Аз марги ҳамсар як сол гузашт. Бо гузаронидани маъракаи ёдбуд ёру дӯстон, ҳамкорон ва пеш аз ҳама падару модар овоз баланд кардан гирифтанд.
- Оби рехтаро бардошта намешавад. Ҳаёт идома дорад. Дар марги духтар гунаҳкор нестӣ. Тақдир ҳамин будааст. Умри ҷавониатро хазон макун. Ба ту фарзанд даркор. Дар хона бояд овози гиряву хандаи кӯдак бошад. Бас аст ғаму ғусса хӯрдан. Бояд саратро ҷуфт кунем, - мегуфтанд волидайн.
- Ба ҳар тори бурутат чил нозанин овезон аст, - мехонд модар.
- Дар шуъба даҳ духтари зебопайкар маътали ишорат аст, - ҳушдор мекард полковник ва бо шӯхӣ илова менамуд, - як ишораву масъала ҳал.
- Исми интихобкардаатро бигӯй, - маслиҳат медоданд дӯстон, - хостгорӣ тани мо.
Ба ҳамаи ин пурсишу дархостҳо Файзулло як ҷавоб мегардонд:
- Каме сабр карданам даркор!
(Давом дорад)
Зариф ҒУЛОМ