toyota motors
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 12)
16

Интизорӣ тӯл кашид. Баъди се рӯз занги телефони дастии Файзулло садо дод.

- Пагоҳ соати 5-и бегоҳ мо шуморо дар кӯҳдомани баҳри Азов интизорем. Мафтунаро бо Бахтовар иваз менамоем. Писар ба ҷойи модар.

- Шумо кистед?,- бо ғазаб баланд фарёд кашид Файзулло.

Вале аз гӯшии телефон фақат садои пит-пит меомаду халос.

Сидор аллакай аз ҳодиса хабар дошт. Мутахассисон ҷойи пинҳоншудаи гаравгиронро муайян карда буданд. Ҳамин ки Файзулло ҳарсасзанон ба дафтари корӣ даромад, Сидор оромона ба гап сар кард.

- Ҷойи пинҳоншудаи ҷинояткорон собиқ заводи валангоршудаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Солҳои даврони шуравӣ дар он ҷо машруботи спиртӣ мебароварданд. Сардори ҷинояткорон Казимир ном қаллоби моҳир мебошад, ки мо кайҳо ӯро ҷустуҷӯ дорем.

- Ӯ бо Юлдош чӣ муносибат дорад?,- худро ба курсӣ партофт Файзулло.

- Эҳ, ҷӯра,- Сидор ба тамокуи дар лабаш буда бо гӯгирдчӯб оташ сар дод.- Ҳамин қадар сол дар милиса кор карда, ҳоло ҳам ба қудрати пул сарфаҳм нарафтӣ. Пул ҳама чизро ҳал мекунад.

- Медонӣ,- Сидор дуди тамокуро ба ҳаво сар дод,- аҷоиботи талаботи ҷинояткорон дар чист?

- Бале, медонам, дандонҳояшро ғиҷирросзанон посух гардонд Файзулло.- Мафтуна!

- Садқаи аҳли фаҳм шавам,- Сидор аз нав дуди тамокуро ба ҳаво сар дод.- Ба ҳар ҳол ба шарҳи ҳодиса мегузарам. Одатан ҷинояткорон дар ҳама ҳолат аз ҷабрдидаҳо пул талаб мекунанд. Вале онҳо ин дафъа занро ҳадафи худ қарор додаанд.

- Маълум,- дар симои Файзулло ҳисси маъюсӣ нақш баст.- Юлдош орзуи чандин сол дар дилаш пайдошшударо амалӣ кардан мехоҳад.

- Ана, барои ҳамин бобати анҷоми амалиёт туро ҳамроҳ намегирам. Аз ҳиссиёти баланд худро дошта натавониста, ба рафти бобарори амалиёт халал ворид менамоӣ.

- Тоқат карда наметавонам,- Файзулло бо қаҳр аз ҷояш парида хест.- Мехоҳам бо ҳамин дастонам гулӯи Юлдошро бӯғӣ карда кушам.

- Ана, барои ҳамин ту дар хона нишаста, баргаштани маро интизор шав,- гӯён Сидор ба зердастонаш ишора кард, ки ба роҳ дароянд.

- Ба гуфтан осон,- Файзулло онҳоро то дари баромад гусел кард.

- Чӣ илоҷ,- Сидор тамокуро бо туфаш хомӯш карда, ба қуттии партов партофт.- Ҳоло карта дар дасти Казимиру Юлдош аст. Хоҳӣ, ки писаратро зинда бинӣ, ба талаби онҳо розӣ шуданат даркор. Ба хона рафта, ҳамсаратро аз ҳолати кор огоҳ намо…

Мафтуна пешопешу Сидор аз қафо ба ҷойи таъинкарда омаданд. Ду ҷинояткори қоматбаланди серришу фаши саропо мусаллаҳ аз ду дасти Бахтовар дошта, яке аз онҳо дод зад:

- Истед! Бо ҳисоби се хонум ба тарафи мо гом мебардораду мо бачаро сар медиҳем: як, ду, се.

Мафтуна ба роҳ даромад. Бахтовар низ ба сӯйи Сидор қадам зад. Ҳамин ки модару писар баробар шуданд аз чашмони Мафтуна донаҳои ашк ба шоридан сар карданд. Бахтовар таҳдиди Юлдошро ба хотир оварда, ба модараш нигоҳ накарда, ба тарафи Сидор давид. Сардори милисаҳо тамокуи дар лабонаш дуд кардаро ба як сӯ туф карда, бачаро гарм ба оғӯш гирифта, оҳиста дар гӯшаш пичиррос зад:

- Ҳамааш хуб мешавад. Баъди ду соат модаратро ҳам озод мекунем…

Юлдош аз дасти Мафтуна гирифта, ҳамроҳ ба салони ҳавопаймо даромаданд. Стюардесса онҳоро бурда, ба ҷойҳои дар чипта нишондода шинонд. Лаҳзае пас болои сари саравлоди қавм Файзулло дар тан либоси сарнишини ҳавопаймо рост шуд.

- Туи аблаҳ ба мақсади нопоку ифлоси худ ҳеҷ гоҳ ноил намешавӣ,- бо нафрат гуфта, то Юлдош аз ҷойи нишаст қомат баланд кардан тир пешонаашро сӯрох кард.

Мусофирон аз тарс овози доду фарёд, гиряву нола ва чирросу ғавғоро ба ҳаво бардоштанд.

- Ту чӣ кор кардӣ?,- Сидор давида туфангро аз дасти дӯсташ кашида гирифт.- Баъди ду дақиқа мо ӯро ба ҳабс мегирифтем.

- Насиби саг сагвор мурдан,- Файзулло ба рӯйи аз хун пуршудаи Юлдош туф кард.

- Акнун, ман маҷбурам, ки туро ба ҳабс гирам,- Сидор ба зердасташ ишора кард.- Зеро ки ту дар назди мардум ҷиноят содир намудӣ.

- Муқобилият нишон намедиҳам,- Файзулло ҳар ду дасташро ба тарафи собиқ ҳамурсаш барои завлона задан дароз кард.

Мафтуна, ки баъд аз садои тир аз тарсу ваҳм беҳуш шуда буд, ба худ омада, ин ҳолатро бо чашми сар дида, ба тарафи шавҳараш парид.

- Не, намегузорам, ки маҳбуби дилам ба асорат афтад.

- Охирин монеа бартараф шуд,- Файзулло занашро сахт ба оғӯш гирифта, ӯро таскин доданӣ шуд.

Сидор аз дасти зан гирифта, барои аз зинапояҳо фаромадан ёрӣ расонида, оҳиста ба гӯшаш чизе гуфт.

Дар рӯйи пурашки Мафтуна табассум ҳувайдо гашт.

Бо ҳукми суд Файзуллоро ду сол аз озодӣ маҳрум карданд. Баъди шаш моҳ бо давутози дӯсташ Сидор Файзуллоро аз зиндон озод карданд.

Дарвозаи оҳанини маҳбасхона вазнину ғиҷирросзанон кушода шуд. Файзулло бо бухчаи ба китф партофта ба берун қадам монда, дар рӯ ба рӯяш Мафтунаю Бахтоварро дид, ки хандакунон ба сӯяш медаванд. Сидор дуртар истода, аз тамоку дудро ҳалқа-ҳалқа ба ҳаво сар медод ва бо кунҷи як лабаш гуфт:

- Ҳама гуна фоҷиаҳо дар назди муҳаббати ҳақиқӣ ҳеҷ аст. Таърихи муҳаббати дӯстам афсонаро мемонад.

 

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД