Боғигул Давлтова зери офтоби сӯзони ноҳияи Ҷайҳун ба кишту кори саҳроӣ машғул буду бо ин роҳ зиндагиашро пеш мебурд. Ҳеҷ гоҳ дар фикраш намеомад, ки рӯзе зиндагии ӯ ба тамом тағйир меёбаду аз зери офтоби гарм ба шароити хуби корӣ фаъолият мекунад.
“Ман ва ин занҳое, ки дар назди ман кор мекунанд, дар заминҳои калон, дар офтоби гармии то 45-50 дараҷа гармӣ ба кишту кори саҳроӣ машғул будем. Чунки ин ягона даромади мо ба хонаводаҳоямон буд”, гуфт дар суҳбат Боғигул Давлатова”.
Муддати як сол мешавад, ки дар корхонаи истеҳсолии “Савлати Маҳмуд” ҳамчун бригадири занҳо фаъолият мекунад. Дар қатори Боғигул панҷ зани дигар, ки ба корҳои деҳқонӣ машғул буданд, ба кор ҷалб шудаанд. Айни замон бо меҳант ва саҳмгузории бонувони ҷайҳунӣ афшурдаи меваҳо, аз қабилӣ, шарбати зардолу, олу, олучабандак, шафтолу ва дигар меваҳо ба дигар минтақаҳои кишвар содирот мешаванд.
Чуноне Боғигул ба хотир меорад, дар солҳои шӯравӣ ин корхона ба истеҳсолот машғул буд ва коргарони зиёд дошт. Баъд аз барҳамхурдани ин давлат корхона низ аз кор монд. Акнун бо дастгирии бонуи кордон ин корхона дубора барқарор шуд ва ману дигар занҳои деҳа, ки хонашин будануд ба корҳои колхоз машғул буданд, ба кори доимӣ ҷалб шуданд.
То ба кор даромадани корхонаи мазкур мо бо даст дар як шабонарӯз 500 бонка бо афшурда ва соки меваҳо маҳкам карда, ба мағозаҳо равон мекардем. Асалан кори корхона аз моҳи июл оғоз меёбад, чунки мо маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ карда ба кор шурӯъ мекунем. Аз баски харидорон аз мо хоҳиш карданд, ки афшурда пешниҳод намоем, аз мешавҳои боғи корхона рӯи дархости онҳо омода карда истодаем.
Агар дастгоҳҳои мо пурра ба кор дароянд ва бо ашёи хом таъмин бошем, иқтидори кори мо зиёд шуда, дар як шабонарӯз то 10 000 бонка афшурда истеҳсол мекунем.
Дар корхонаи истеҳсолии “Савлати Маҳмуд" -и ноҳияи Ҷайҳун дар баробари омода намудани афшураи меваҳо, ҳамчунин консервакунии пиёзи анзурро низ таҷриба карда истодаанд.