Formula 2025 may
Ҳаётамро сўхтӣ, падар! (ҚИСМИ 2)
2040

Падарам хатояшро фаҳмида бошад ҳам, маро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекарду такрор ба такрор мегуфт, ки ҳеҷ гоҳ оилаатро вайрон накун, обрўйи маро дар назди хешу бегона нарезон.

Ба хотири падарам зиндагӣ мекардам, соҳиби писараки зебое шудем, зани ҳеварам низ, чор кўдак дошт, тасаввур кунед зиндагии дувоздаҳ нафарро дар як хонаи сеҳуҷрагӣ! Баъде, ки писаракам калон шуд, ташвишҳо ҳам калон шуданд, зеро акунун аз рўйи кўдакҳо бо зани ҳеварам мудом ҷангӣ будем. Мард барин кор кунам ҳам, як тини зардак ҷамъ карда наметавонистам, зеро ҳамааш сарфи рўзгор мешуд…

Тайёрахўрҳо

Падарам аз авҳоли зорам хабар дошту бароям аз биноҳои навсохт як хонаи дуҳуҷрагӣ харид, дару тиреза ҳаммому ҳоҷатхонаашро ба тарбиб дароварду танҳо таъмираш монда буд. Шавҳарам пинакашро вайрон накарда, зиндагии танбалонаашро идома медод, як рўз ба вай гуфтам, ки айба намедонӣ, падарам хона харид, ақаллан ҳамонро таъмир намекунӣ?!

Сари ҳамин масъала ҷанҷол кардем, субҳ пеш аз кор рафтан сўҳбати хусурам бо шавҳарам ба гўшам расид. Ў ба падараш мегуфт, ки ёрӣ диҳед то хонаи харидаи хусурамро таъмир карда, ба он гузарем. Хусурам бо оҳанги сарзаниш гуфт:

- Хона хариданд?! Сабр кун, таъмираш ҳам мекунанд!

Ростӣ, худамро ба зур доштам, ки гашта бо хусурам ягон ҳарфи бад нагўям...

Тавба, одам наход то ҳамин дараҷа бе нангу номус шавад, падари ман сарватманд шуда дар бало монд?! Шавҳарам, як ҷавони чорпаҳлуи деворро зада чаппа мекардагӣ, дар фикри хонаву дар, зану фарзанд нест, хусурам бошад, ба ҷойи насиҳат ўро ба “алфонс”-иву тайёрахўрӣ талқин мекунад.

Занг аз гузашта

Қиссаи ишқи нокоми ману Аҳмадро ҳамкурсам - Зайнура хуб медонист, ману Зайнура дугонаҳои ҷонӣ будему ҳастем. Аҳмад низ, бо Зайнура дўст буд…

Ман умуман даар шабакаҳои иҷтимоӣ нестам, аммо Зайнура корбари фаъоли ин гуна шабакаҳост, ва Аҳмадро пайдо кардаасту сўҳбат кардаанд. Ў дар омади гап дар бораи зиндагии сахти ман гап кушода, аз ман напурсида рақами телефонамро ба вай додааст. Як рўз, Аҳмад ба ман занг зад, ман медонистам, ки ў баъди шавҳар кардани ман ба Руссия рафта буд, дигар ҳеҷ, ў дар ҳамин зангаш ба ман дар бораи зиндагияш нақл кард. Аҳмад дар Руссия тиҷорати худро ба роҳ монда зани рус гирифтаасту боз аз вай ҷудо шудааст, мегўяд то ҳол туро дўст медорам аз шавҳарат ҷудо шав мегирамат.

Ман ба Аҳмад гуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ маро ҷўё нашавад, ман шавҳарамро дўст медораму аз вай ҷудо намешавам.

Албатта, ман ҳеҷ гоҳ ба шавҳарам хиёнат намекунам, зеро обрў барои ман дар ҷойи аввал меистад, вале мехоҳам ба падарам бигўям:

- Ҳаётамро сўхтӣ, дада!

Имрўз, ту болои сари маниву дастгириям мекунӣ, фардо бо ин марди танбалу “алфонс”-и тайёрахўр ҳолам чӣ мешавад?! Ман мехоҳам боз як фарзанди дигар таваллуд кунам, бисёр мехоҳам духтарча дошта бошам, аммо аз тарси чанд моҳ бекор монда, чӣ кор мекунам, аз ин орзуи муқаддас даст кашидам…

АНЗУРАТ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД