Бино ба иттилои Созмони ЮНЕСКО ва «Китоби рекордҳои Гиннес», Донишгоҳи Aл-Қaрaвийини Марокаш кӯҳантарин муассисаи таҳсилоти олии олам ба ҳисоб меравад.
Тавре таърихнигорон таъкид месозанд, ин боргоҳи илм соли 859 аз ҷониби Фотима бинти Муҳаммад ал-Фахрӣ таъсис ёфта, дар асрҳои миёна дар рушду густариши муносибатҳои фарҳангии мамолики Шарқ ва Аврупо саҳми арзанда гузоштааст.