Formula september
Қадами муҳим дар самти гузариш ба таҳсилоти рақамӣ
559

Пешрафти илму техника дар замони муосир тағйироти ҷиддиро дар системаи таълим ворид намудааст. Баробари рушди рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, имкониятҳои нав барои таҳсилот фароҳам омадаанд.

Дар давоми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат эътироф гардида, маорифи миллӣ дар зарфи 33 соли Истиқлоли давлатӣ вориди марҳилаи навини рушди худ гардид. Ба рушди устувори маорифи кишвар технологияҳои иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам сохта, барои расидан ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давра ба давра густариш ёфта, дар ин самт як қатор барномаҳои муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон амалӣ карда шуданд.

Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф ва ҳамқадами замон сохтани он бо ташаббуси Пешвои миллат Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки барои рақамикунони соҳаи маориф роҳро боз намуд.

photo_2024-08-19_17-36-21

Бо илҳом аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат роҳбарияти шаҳри Душанбе низ иқдомоти ҷиддиеро дар ростои рақамикунонии соҳаи маориф рӯи даст гирифтанд. Ҳанӯз аз соли 2020 инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” фаъолият менамояд, ки он дар се марҳила дар 150 муассиса татбиқ гардида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. “еDonish” журнали электронӣ буда, тавассути имконоти муосир амалӣ карда мешавад ва он ҷадвали дарсӣ, рӯзномаи электронии хонанда, хабарнома аз омӯзгор ба падару модар дар бораи давомоти фарзанд ва арзёбии дониши хонандагонро дар бар мегирад. Барнома рейтинги хонандагонро вобаста ба фанҳои таълимӣ нишон медиҳад. Дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ бо мақсади огоҳонидани волидайн аз омаду рафти хонандагон, инчунин, назорати ба кор ҳозиршавии омӯзгорон камераҳои назоратии Face ID насб карда шудааст, ки барнома тавассути он давомоти хонандагонро ба қайд кирифта, ба волидайне, ки дар барнома сабти ном шудаанд хабар медиҳад.

Барномаи электронии “eDonish” имкониятҳои васеъ дошта, барои гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ заминаи мувофиқ фароҳам сохтааст. Балки он қисми таркибии таҳсилоти рақамӣ буда, бо ҳадафҳои Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад.

Ин аст, ки бо ҳидоят ва дастури бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон қабули хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути барномаи электронии “eDonish” амалӣ карда мешавад. Қабули хонандагони синфи 1 тавассути барномаи электронии “eDonish” барои гузариш ба низоми электронии таҳсилот қадами муҳим ба шумор меравад.

photo_2024-08-19_17-36-27

Инчунин, механизми электронии бақайдгирӣ бартариятҳои зиёдеро дорост, ки ба андешаи мо, муҳимтарини онҳо чунинанд:

1. Соддагардонӣ ва фаврият, яъне раванди бақайдгирии хонандагон ба синфи як бо ёрии низоми электронӣ содда ва дар айни ҳол зуд амалӣ карда мешавад.

2. Таъмини шаффофият, яъне низоми бақайдгирии электронӣ имкон медиҳад, ки қабули хонандагон вобаста ба маҳали фарогирӣ шаффоф сурат гирад ва омилҳои коррупсионӣ барҳам дода шавад.

3. Дастрасии қулай дар ҳар вақт ва аз ҳар куҷо, яъне волидайн ва ё ашхоси ивазкунандаи онҳо дар ҳар куҷое, ки бошанд, дар дилхоҳ вақт метавонанд фарзанди худро ба қайд гиранд.

4. Автоматикунонии раванди қабул, яъне равандҳои қабул ва бақайдгирӣ автоматӣ карда мешаванд, ки самаранокии баландро таъмин менамояд.

5. Сарфаи вақт ва захираҳо, яъне низоми электронӣ имкон медиҳад, ки вақт ва захираҳои хонандагон ва масъулини муассиса сарфаҷӯӣ карда шавад.

6. Коҳиши хатоҳо, қаблан, ҳангоми сабти ном ба таври дастӣ хатоҳои зиёде сар мезананд, ки бо низоми электронӣ ин мушкилиро метавон барои ҳамеша бартараф намуд.

7. Дастрасии баробар, яъне ҳамаи сокинони пойтахт новобаста аз мавқеияти худ метавонанд ба сабти номи фарзанди худ дар ин ё он муассиса дастрасӣ дошта бошанд.

8. Мусоидат ба раванди маъмурӣ, яъне низоми электронӣ ба масъулин имкон медиҳад, ки раванди коркард ва идораи ҳуҷҷатҳоро осонтар назора кунанд ва хатоҳои маъмурӣ камтар сурат гирад.

9. Фароҳам овардани имконият барои ҳама, яъне тариқи низоми электронӣ онҳое, ки тавоноии ба мактаб рафтанро надоранд, метавонанд фарзанди худро сабти ном кунанд.

10. Кам кардани ҳаяҷон ва стресс, ин яъне низоми электронӣ метавонад омилҳои фишоровар ва ҳолатҳои стрессноки раванди бақайдгириро коҳиш диҳад.

11. Бойгонии маълумот, серверҳои барнома имкон медиҳанд, ки маълумот барои солҳо маҳфуз нигаҳ дошта шаванд ва дасткории онҳо ғайри имкон мегардад ва ин имконият аз сохтакорӣ ва тақаллуб пешгирӣ менамояд.

Хулоса, қабули хонандагон тавассути барнома имкон медиҳад, ки омилҳои берунаи халалрасон бартараф гардида, хонандагон дар асоси маҳали фарогирӣ ва малакаву маҳорати худ ба муассисаи таълимӣ фаро гирифта шаванд. Дар барнома дар асоси иқтидору зарфияти муассиса бо назардошти забони таълим миқдори ҷойҳо мушаххас карда мешаванд, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои пойтахт тасдиқ карда мешаванд.

Алакай таҷрибаи муваффақи ҷорӣ намудани механизми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мисоли “Маркази миллии тестӣ” дурустии ин иқдомро исбот намуд ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мусоидат кард.

photo_2024-08-19_17-36-33

Барои ба роҳ мондани механизми қабули хонандагон тавассути низоми электронӣ дар барномаи электронии “eDonish” бахши нав - “Ба синфи 1” таъсис дода шуд, ки тарзи кор бо он дар силсиласеминарҳои омӯзишӣ барои директорон ва маъмурони барномаи электронии “eDonish”-и муассисаҳои таълимии пойтахт омӯзонида шуд. Бақайдгирӣ содда буда, қадами нахустини он ворид намудани рақами телефони волидайн ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо мебошад. Сипас, маълумоти шахсии аризадиҳанда пур карда мешавад ва барои тасдиқ нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз ҷойи истиқомат талаб карда мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ маълумот дар бораи кӯдак бо замимаи шаҳодатномаи таваллуд ворид карда мешавад. Пас аз ирсоли маълумот барои тасдиқ маъмурон дурустии онро санҷида, тасдиқ/рад мекунанд. Баробари тасдиқ ва радди маълумот ба телефони мобилии аризадиҳанда паёмак ирсол мегардад. Ҳамин тавр, амалиёти бақайдгирии хонанда ба синфи 1 бо муваффақият анҷом меёбад.

Қайд кардан зарур аст, ки қабули ҳуҷҷатҳо тавассути низоми электронӣ ба зиммаи Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” буда, он аз 1-уми августи соли равон шуруъ гардид ва то 15-уми сентябр идома меёбад. Барои осонии кор дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе комиссияи қабул таъсис дода шудааст, ки барои сабти номи хонандагон ёрии амалии худро дареғ намедоранд.

Зафар МУРОДЗОДА,

директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД