Arzon march 2024
Абуалимзода Ҳаким:  6 ихтисоси нав дар донишгоҳ таъсис дода шуд
674

Дар соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳ аз рӯи 6 ихтисоси нав, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, бехатарии иқтисод, идораи давлат ва ҳуқуқ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва идораи мақомоти  аҳолӣ қабули довталабонро барои таҳсил ба роҳ монд.

Абдуалимзода Ҳаким, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза ба хабарнигорон ин нуктаро қайд кард.

Дар ин замина мавсуф ҳамчунин афзуд, ки дар 102 донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ сафарбар карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фисад зиёд мебошад.

Донишгоҳ бо 12 муассисаҳои олии хориҷи кишвар барои сафарбар намудани устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба Олмон, Латвия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ бо имзо расонидаанд.

Қабул шудани довталабон дар соли таҳсили 2023-2024 86 фисадро ташкил медиҳад, ки аз рӯи кластери 2 ҷои якумра ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин сол довталабон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба донишгоҳ дохил шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД