arzon replenishment
Ҷабри пияндари золим
4576

Падарам инсони хуб ва марди беозор буд. Ману хоҳарчаамро дӯст медошт. Боре гапи сахти ӯро нашунида будем. Он вақтҳо ман дар синфи панҷум мехондаму хоҳарчаам Гулизор дар синфи чорум. Ман аз хурдӣ садои хуб доштам, бегоҳирӯзиҳо барои дилхушӣ гоҳ суруд мехондаму гоҳ мерақсидам.


Падарам бо шавқ ҳунарнамоии моро тамошо карда «духтари ман артисткаи таппа тайёр аст» мегуфт. Орзу доштам, ки мактабро хатм карда, санъаткор мешавам ва мисли Малика Саидова дар телевизор баромад мекунам, вале марги нобаҳангоми падар ба рӯйи орзуҳоям хати батлон кашид. Падарам зери чархи мошини ронандаи бадмасте монда мурду орзуҳои маро бо худаш ба гӯр бурд. Баъди сари падарам модари паршикастаам мо, ду духтари бадбахташро гирифта ба хонаи бобоям баргашт. Аз рӯзи аввали ба ин хонадон омаданамон янгаву тағоҳо ва ҳатто бобоям моро чашми дидан надоштанд. Модарамро бо ҳар баҳона меранҷонданд, моро нонхӯрӣ зиёдатӣ ва дарди сар гуфта мезаданд. Тӯли як моҳ аз суханони сахти хешони морзабони модарам ҷонамон ба лабамон расид.

Паиндар

Бобои сангдилам ба ҷавонию зебогии модарам нигоҳ накарда ним сол пас маҷбуран ӯро ба марди 65-солае ба шавҳар дод ва мо ба хонаи паиндарам омадем. Шавҳари нави модарам ҳама фарзандонашро хонадор карда, ҳамроҳи писари хурдиаш, ки дар синфи нуҳум мехонд, зиндагӣ мекардааст. Ба модари зебоям ва ба шавҳари пири фартуташ менигаристаму падари зебову хушқаду меҳурбонам ба ёдам расида, дилу ҷигарам обу адо мешуд. Шӯйи нави модарам бар замми пирӣ боз бадқавоқу бадрӯ буд, аз забонаш як сухани хуш намешунидем. Писараш Икром бошад, бачаи девонаавзоъ буд, ақли солим надошт.

Рози дили девона

Ману хоҳарам хизматгори хонаи паиндар будем. Аз субҳ то шом дар дашту саҳро гӯсфанд мечарондем, то шавҳари морзабони модарам «сағераҳои падарлаънат» гуфта дар сарамон чормағз нашиканад, вале ин мӯйсафеди беинсоф ҳеҷ аз мо розӣ намешуд, ки намешуд. Як бурда нони мехӯрдаамонро дар танамон заҳр мекард. Бечора модарам ҳоли зори моро дида, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт, вале чора надошт. Ҳамоно меҳри санъат дар дилам ҷӯш мезад ва рӯзҳои дарозро дар дашту пушта бо шеъру сурудхонӣ мегузарондам.

Рӯзе таронаеро зам-зама доштам, ки Икром ба наздам омада гуфт:

-Лайло, ман ба ту як гапи муҳим дорам, вале ҳоло дертар мегӯям.

Ҷаста аз ҷоям бархостаму аз гиребонаш дошта дод задам:

-Зуд гап зан, чӣ будааст он гапи муҳимат.

-Падарам туро ба ман хонадор мекунад!

Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид.

-Хобатро ба об гӯӣ, девонаи аҳмақ. Ман худамро мекушаму ба ту девона ба шавҳар намебароям.

Бегоҳ молҳоро барвақт аз чарогоҳ овардам. Паиндарам ҷанҷол бардошт, ки чаро барвақт гӯсфандҳоро овардед. Ба суханони мӯйсафеди каждумзабон аҳамият надода ба назди модарам даромадам ва воқеаро нақл карда пурсидам, ки оё ин суханҳо ростанд! Модарам маъюсона лаб газида гуфт:

 

-Аз дасти ман чӣ меояд, духтарам?! Замин сахту осмон баланд, маҷбурем, ки ба ин пешниҳоди мӯйсафед розӣ шавем.

-Не! Ман ҳаргиз ба ин кор розӣ намешавам,-дарро шатта зада аз хона баромадам.

Паиндарам моҷарои ману модарамро шунида пеши роҳамро дошт ва маро чунон бераҳмона зад, ки аз ҳуш рафтам.

Найранги падару писар

Субҳи барвақт паиндарам дар болои сарам пайдо шуда гуфт:

-Лайло, хез, имрӯз молҳоро худат танҳо ба чаро мебарӣ. Гулизор нотоб шудааст.

Аз дидори ин пирсаг дида дашту саҳро бароям хубтар буд, аз ин хотир чизе нагуфта ҷисми афгорамро кашолакунон гӯсфандҳоро пешандоз карда ба чарогоҳ бурдам. Қарибиҳои нисфирӯзӣ гурусна монда, байни алафзор нишаста ноништа кардаму рӯйи сабзазор дароз кашидам. Ногоҳ шарфаи пое ба гӯшам расид ва махлуқи вазнини бадбӯ гургвор худро ба болоям афганд. Талхакаф шудам. Нафас дар гулӯям печида ҷонҳавл дасту по мезадам, вале ин махлуқ маро раҳо карданӣ набуд. Ин гурги дупо Икроми девона буд. Ҳарчанд хостам ӯро аз худ дур кунам, зӯрам нарасид. Аз доду фарёдам дашту саҳро садо медод, аммо касе ба додам намерасид. Оқибат ин девонаи дар кори худ ҳушёр ба мақсади нопокаш расида пардаи исмати мани бе пушту паноҳро дарид.

-Ҳоло ист, бегоҳ туро дар назди падарат шармандаю шармсор мекунам,-гӯён, бо сару рӯйи харошида гирён аз ҷоям бархостам.

Икроми девона қоҳ-қоҳ хандида, маро масхаракунон гуфт, ки ин корро бо маслиҳати падараш кардааст ва акнун хоҳам-нахоҳам зани вай мешавам. Бо шунидани ин суханҳо хун дар рагҳоям ба ҷӯш омад ва аз дарду аламу нафрат молҳоро дар саҳро партофта пойи пиёда роҳи шаҳрро пеш гирифтам. 

Нимаи бахт

Он рӯз то бегоҳ пиёда роҳ паймуда, ниҳоят ба шаҳр расидам. Дигар бароям заррае аҳамият надошт, ки молҳоро кӣ соҳибӣ кард ва ҳоли модарам баъди фирор кардани ман чӣ мешавад. Рафтори паиндарам ва писари девонааш диламро аз оламу одам хунук карда буд. Чанд рӯз дар шаҳр оворагардӣ карда, ниҳоят бо Насим ном ҷавоне шинос шудам. Насим ҳофизи тӯйгард будааст, ҳунари сарояндагӣ доштанамро фаҳмида маро ҳамроҳаш гирифт. Акнун оҳиста-оҳиста ба орзуҳоям мерасидам. Насим маро чунон дӯст медошт, ки ҷонашро бароям дареғ намедошт. Хонаеро иҷора гирифту муллоеро оварда маро ба худаш никоҳ кард. Ҳамин тавр, бо амри тақдир мани 16- сола зани дуюми ин ҳофизи тӯйгард шудам. Ҳарду ба тӯю маъракаҳо мерафтем.

Вохӯрӣ бо ҳамсоя

Баъди нӯҳ моҳ соҳиби духтарча шудем. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Азбаски зани дуюм будам, бояд аробаи зиндагиамро худам мекашидам. Маҷбур шуда доя киро кардам, то кӯдакамро нигоҳубин кунаду ман ҳамроҳи шавҳарам ба тӯйҳо равам. Боре дар як маърака ҳамсояи наздики паиндарамро дидам. Баъди аз саҳро гурехтани ман паиндарам модарамро лату кӯб карда, маҷбур кардааст, ки хоҳарам Гулизорро ба писари девонааш ба занӣ диҳад. Ин гапро аз забони ҳамсоязан шунида ғамгин шудам. Ҳамеша дар фикри модару хоҳаракам будам, вале аз дастам коре намеомад.

Ғазаби кундош

Шабе Насим наомад. Хавотир шудам. Хоб аз чашмонам парида буд. Ногоҳ занги дар садо дод. Бо гумоне, ки шавҳарам омадааст, тозон сӯйи даромадгоҳ тохтам. Дарро кушода дар рӯ ба рӯям як зану як марди ношиносро дидам. Онҳо чизе нагуфта чолокона аз дастонам доштанд ва кашолакунон маро ба поён фароварда ба даруни мошине андохтанду мошин бо суръати баланд ба роҳ баромад. Зорию тавалло мекардам, ки маро ақаллан ба хотири тифлаки навзодам раҳо кунанд, вале онҳо гӯё гунгу кар буданд. Дар як биёбони бекасу танҳо мошинро нигоҳ дошта, маро кашолакунон фароварданд. Зани ношинос мисли модашери ба ғазаб омада ба ман дарафтода чунон ба сару рӯям зад, ки аз биниям хун ҷорӣ шуд. Бо ин ҳам қонеъ нашуда вай гулӯямро бо дастонаш буғӣ карду гуфт:

-Ту ба кӯдакони ман раҳм накарда шавҳарамро кашида гирифтӣ, боз забонат дароз гап мезанӣ?! Як бори дигар Насимро суроғ кунӣ, мекушамат! Илтиҷо кардам, ки маро накушанд. Аз тарси ҷон бо китоби муқаддас қасам хӯрдам, ки ба Насим кордор намешавам.

Он шаб ҷисми нимҷони маро оварда ба пушти дарам партофтанд. Хайрият, ки марди ҳамсоя аз кор баргашта, ҷисми хунолуди маро дида ба беморхона бурдааст, вагарна мемурдам.

Марги Икром

Қариб ду ҳафта дар беморхона хобидам. Рӯзе аз саҳни бемористон овози гиряву нола ба гӯшам расид. Оҳиста ба берун баромадам. Модарам ва паиндарамро дида ҳайрон шудам. «Худоё онҳо дар ин ҷо чӣ кор мекунанд» гӯён, сӯяшон давидам. Модарам, ки чанд сол боз маро надида буд, гирёну нолон сӯям оғӯш кушод. Маълум шуд, ки писари девонаи паиндарам Икром, ки боиси ҳама сарсониҳои ман гашта буд, бемор шуда аз олам гузаштааст.

Модарам мехост маро ҳамроҳаш ба деҳа бубарад, вале паиндарам «Ин фоҳишаи ҳаромиро дар хонаам набинам» гӯён, маро аз модарам ҷудо кард ва мурдаи писарашро ба мошин бор кард. Онҳо рафтанду ман лаб газида ба палатаам баргаштам. Нисфирӯзи зани ҳамсоя духтарчаамро ба беморхона овард ва хабар дод, ки соҳибхона манзили иҷора менишастаи маро фурӯхтааст.

Овораю сарсон

Рӯзи дигар маро аз беморхона ба хона ҷавоб доданд, вале ман сарпаноҳе надоштам, ки ба он ҷо равам. Овораю сарсон ба куҷо рафтанамро намедонистам, на дӯст доштам, ки дастамро бигираду на хеше, ки ману тифлакамро қабул кунад. Маҷбур шуда духтарчаамро бурда ба хонаи кӯдакон супоридам. Шикастҳои пай дар пайи зиндагӣ иродаамро шикастанд. Дигар мард ё зан буданамро фаромӯш карда, ҳар кори аз дастам меомадаро мекардам. Дар тӯю маъракаҳо бо рафиқонам арақ менӯшидам, сигор мекашидам.

Худо, агар мадад кунад…

Шукр, ки баъди як сол Худованд маро аз кӯйи бадномӣ наҷот бахид. Паиндарам аз олам гузашту модарам ба суроғам омада маро аз роҳи бад баргардонда ба хонааш овард. Хоҳарам Гулизорро ба шавҳар додем, ман ҳам ба марди худотарсу меҳрубоне ба шавҳар баромадам. Имрӯз ба тоату ибодат машғуламу модарамро нигоҳубин мекунам. Беҳуда дар урфият нагуфта будаанд: «Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад». Рӯзҳои пуразоби мани сағера гузаштанд. Акнун аз он рӯзҳои талху тира танҳо ёд мондаасту халос…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД