Arzon march 2024
АБДУЛАЗИЗ ҚОДИРОВ ЧАРО АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГИЛАМАНД АСТ?
4205

Рӯзи 30 сентябр Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафари корӣ доир намуданд. Дар доири ин сафар Президенти кишвар бо фаъолони ноҳия суҳбат оростанд.

Зимни дидору мулоқот Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Шаҳринав бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои созанда ба комёбиҳо ноил мегарданд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат пири 101 – солаи сокини ноҳия Абдулазиз Қодиров баромад ва шукри ободии Ватанро карданд. Қодиров -  собиқадори меҳнат, иштирокчии 2 ҷанг, дар охири суханронияш гуфт, ки аз сарвари давлат гила дорад Мӯйсафед аз иштироки худ дар ду ҷанг ёдовар шуда, гуфт, ки талхӣ ва ширинии ин дунёро бисёр чашидааст.

Мӯйсафед аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир симои Тоҷикистон бисёр зебо гашта истодаст. Қодиров дар пешрафти давлати тоҷикон саҳми Эмомалӣ Раҳмонро таъкид карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ ба сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Ин сокини ноҳияи Шаҳринав дар анҷоми суханаш, пас аз дуои падарона додан ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз Президент гиламанд аст. Ин ҳарфи мӯйсафед аксариятро ҳайратзада кард.

Гилаи Абдулаззиз Қодиров аз Эмомалӣ Раҳмон дар он будаст, ки Президент ба ин ноҳия кам ташриф меовардаст. Мавсуф аз Президенти Тоҷикистон даъват намуд, ки ба ноҳияи Шаҳринав зуд - зуд сафар кунанд, "зеро ташрифи  президент ба ноҳия фаровониро меорад", - гуфт Абдулазизи 101 - сола.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД