Санаи 7-уми апрели соли равон, соати тахминан 09, нақлиёти трактори тамғаи “Т-82”, таҳти идораи ронанда Ғалчабеков Ақназарбек Сарҳадбекович, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Хоруғ, ки ба як идораи давлатӣ тааллуқ дошт, ҳангоми ҳаракат дар маҳалаи Ниодаки шаҳри Хоруғ бо сабаби аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, ба чуқурии 11-метра чаппа шуд.
Дар натиҷа, худи ронанда Ақназарбеков Ғалчабеков ва мусофири он Санавбаршоев Рустам Аслишоевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Шарики дигари онҳо Афғоншоев Фарҳод Саидбекович, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин шаҳр, бо бардоштани ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ додааст, ки аллакай аз рӯи ин ҳодиса парванда кушода шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Умеда ДОНАЁРОВА,
шаҳри Хоруғ