Formula novemver 2024
8 СОЛИ ЗИНДОН ВА ҲАЁТИ ПУРАЗОБИ ЖУРНАЛИСТИ АФҒОН (Видео)
2174
8 СОЛИ ЗИНДОН ВА ҲАЁТИ  ПУРАЗОБИ ЖУРНАЛИСТИ АФҒОН  (Видео)


Ҳаводиси хунине, ки тӯли як моҳи охир дар сарзамини кишвари дӯст ва ҳамсояи мо-Афғонистон ба вуқуъ пайваста истодаанд, ҳеҷ як фарди соҳибақл ва соҳибдилро бетараф гузошта наметавонанд.

Ҳамарӯза аз дасти “Толибон” дар ин сарзамини азияткашида садҳо одамони бегуноҳ кушта шуда, ҳазорон-ҳазори дигар аз тарси ҷон хонаву хонумонашонро раҳо намуда, марзу буми хешро тарк месозанд. Теъдоде аз гурезаҳои афғон рӯ ба кишвари мо овардаанд. Замон Аҳмадӣ яке аз он муҳоҷирини иҷбории афғон мебошад, ки ба Тоҷикистон паноҳ овардааст. Пешаи ин марди равшанфикр суханварӣ буда, ҳамчун журналист фаъолият менамуд, вале ба қавли худаш барои як маводе, ки ҳатто нашр нашуда буд, ӯро ба ҷурмӣ поймол намудани муқаддасот муттаҳам ва ба 20-соли зиндон маҳкум карданд.

Дар зиндон азобҳои бисёр сахтро аз сар гузаронида бошад ҳам, ин марди қавиирода таслим шудан намехост ва билохира баъди 8 соли пур аз дарду ранҷ бо кӯмаки ташкилотҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба озодӣ баромад, аммо баъди раҳоӣ аз маҳбас низ журналистро ба ҳоли худаш нагузошта, таҳдид ба марг менамуданд. Пас аз он, ки хонаашро тирборон карданд Замон Аҳмадӣ маҷбур шуд, ки зану фарзандонашро гирифта тарки Ватан намояд.
Биёед, сарнавишти талхи ин марди суханварро аз забони худаш бишнавем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД