Sebiston new 2024 october
7-маслиҳати муфид ба модарони ҷавон
629



Бе нуқсон калон кардани тифл дар баробари хӯрондану пӯшонидани кӯдак яке аз вазифаиҳои асосии волидон ба ҳисоб меравад, вале на ҳар падару модар аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонад.

Аксаран бо сабаби бетаҷрибагии модар гардан ё сари кӯдак каҷ мешавад. Аз ҳамин хотир мо қарор додем каме дар ин бора маълумот диҳем. Инак, барои он ки кӯдак бе нуқсон калон шавад, чи бояд кард?

1.Дар 3-4 моҳагӣ кӯдакатонро ба шикам хобонед. Ин амалро вақте ки табъи тифл болида аст, анҷом додан лозим. Ба шикам хобидан ба тифлакон писанд аст. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки кӯдак дунёро “рост” бубинад. Рост дидани ашёҳо барои тифлакон хеле ҷолиб аст. Ногуфта намонад, ки ба шикам хобондани кӯдак мушшакҳои қафаси сина, дастон, миён, гардан ва мушшакҳои чашмонро инкишоф дода, боқувват мекунад.

2. Одатан кӯдакон калаашонро мебардоранд ва ҳатто дард ҳам кунад поён намекунанд. Ба ин чиз ҳанӯз шуурнокии кӯдак намерасад, ки сарашро дар рӯи замин гузорад ва каме истироҳат кунад. Барои ин корро ба кӯдак ёд додан, дасташро ба даҳонаш бурдан даркор. Вай барои дасташро дар даҳон нигоҳ доштан калаашро поён мекунад. Бо ин роҳ гарданаш каме истироҳат мекунад.

3. Сари кӯдакро гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба тарафи дигар хобондан лозим, то ки мушшакҳои гарданаш баробар инкишоф ёбанд ва шах нашаванд.

4. Агар навзод ба шикам хоб раваду сарашро бардоштан нахоҳад, сачоқи дастурупоккуниро гирифта, тоб дода ба зери қафаси синааш мондан лозим аст.

5. Кӯдак аз пушти овоз худро ба ҳаракат кардан маҷбур мекунад, бинобар ин, каме баланд истода бо ӯ гап задан лозим. Кӯдак барои фаҳмидани аз кадом тараф омадани овоз сарашро баланд мекунад. Ҳарчанд ин амал барояш душвор бошад ҳам, тез-тез анҷом доданаш муфид аст. Бо шарофати ин кор оҳиста-оҳиста кӯдаки шумо барои калачаашро бардоштан қувват пайдо мекунад.

6. Дар 3 моҳагӣ гардани кӯдак бояд 180 градусс ҳаракат кунад. Барои машқ додани гардани ӯ бозичаҳои рангашон баландро гирифта аз ин тараф ба он тараф оҳиста-оҳиста ҳаракат кунонед. Кӯдак бо нигоҳаш бояд бозичаашро думболагирӣ кунад, агар ин корро накунад, ҳатман гарданашро маҳс кунонидан лозим аст, то мушшакҳояш ба пуррагӣ инкишоф ёбанд.

7. Ҳангоми ба шикам хобондани кӯдак барои ба ин ё он паҳлӯ тоб хурданаш кӯмак кунед ва маҷбур созед, ки ҳар бор ин корро кунад. Ин барои “партизан” шуданаш ёрӣ мерасонад, яъне бо шикам зудтар ҳаракат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД