arzon replenishment
7-маслиҳати муфид ба модарон дар боби нигоҳубини тифли бемор
932


Дар мавсими сармо кӯдакон тез-тез шамол хӯрда, бемор мешаванд, вале аксар вақт волидон “грип шудааст” гӯён, аҳамият намедиҳанд.

Бепарвоии падару модар метавонад боиси вазнинтар гаштани ҳолати тифлак гардад, бинобар ин, имрӯз мо дар бораи нигоҳубини кӯдаки бемор ба шумо маълумот медиҳем.

Маслиҳатҳои муфид дар бораи нигоҳубини
кӯдаки ба зуком гирифтор гашта.

1. Пеш аз ҳама бояд аниқ кард, ки кӯдак дар ҳақиқат зуком аст ё ба ягон бемории дигар гирифтор шудааст. Барои ин шумо бояд зукомро аз дигар касалиҳои кӯдакона фарқ карда тавонед. Дар ёд дошта бошед, ки вақти гирифтори зуком шудани кӯдак ин нишонаҳо баръало ба чашм мерасанд: дарди сар дар қисмати чашму пешонӣ, таби баланд, ки то 39-40 дараҷа мерасад, беҳаракатӣ, табларза, сурхшавии пӯсти атрофи чашмон ва рӯй, маҳкамшавии бинӣ, рафтани об аз бинӣ ва ҳатто хунравӣ аз бинӣ, ҳамчунин сулфаи хушк ба вуҷуд меояд.
2. Зуком ба ҳолати вазниншавӣ нагузашта бошад, дар шароити хона ҳам табобат кардан мумкин аст. Кӯдаки бемор бояд реҷаи бистариро риоя намуда, оромиши комил дошта бошад.
3. Ба кӯдак бештар об ва нӯшокиҳои муфид, аз ҷумла чойи алафӣ ва малиначой диҳед.
4. Чизи аз ҳама муҳим дар ҳолати гирифтор шудани кӯдакон ба зуком фаровардани таб мебошад, то оби бадани кӯдак хушк нашавад. Парацетамол ва дигар дорувориҳои муосир, ки маҳз барои кӯдакон тайёр шудаанд, табро ба зудӣ мефароранд.
5. Ҳангоми гирифтор шудани кӯдакон ба зӯком истеъмоли витамини С барои мустаҳкам намудани деворҳои рагҳои хунгард зарур мебошад.
6. Қабул кардани доруворӣ ва ғизои махсус, аз ҷумла мевагӣ барои баланд бардоштани иммунитет айни муддао хоҳад буд.
7. Антибиотикҳо барои кӯдакони зукомшуда танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешаванд, ки хатари дубора ба зуком гирифтор шудан ба кӯдак таҳдид намояд ва ё дар ҳолати вазнин шудани зукоми аввалии кӯдак.
Хулоса, волидон набояд нисбати зуком бепарво бошанд ва онро як бемории «сабук» ҳисобанд, чунки дар ҳолати сари вақт табобат накардани ин беморӣ оқибатҳояш вазнин мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД