arzon replenishment
7-КӮДАК КУШТАВУ 13-КАС ЗАХМӢ ШУДАНД
6082

 Дар натиҷаи тирпарронӣ дар мактаби миёнаи №175-и Қазон, ки дар кӯчаи Файзӣ воқеъ гаштааст, 9 нафар кушта шуда, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни кушташудагон 6 талаба ва як омӯзгор будааст.


Тавре ки Спутник хабар медиҳад, шумораи зарардидагони фоҷиаи мактаб афзуда, ба ғайр аз 9 нафари бар сари тирпарронӣ шаҳид шуда боз 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, ки 12 нафарашон кӯдакони мактабхон мебошанд.

Субҳи имрӯз ду ҷавон дар даст яроқ вориди мактаби миёнаи №175 гашта, аввал посбонро, ки мехост монеи вуруди онҳо гардад, куштанд ва баъдан ба хонандагон ҳамла намуданд. Дар рафти ин фоҷиа ба ғайр аз талабаҳо ва муаллимон ҳамчунин як зани фаррош низ ҷони худро аз даст додааст.
Зиёда аз 20 мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба кӯмаки зарардидагон ба мактаби мазкур фиристода шуда, теъдоде аз захмишудагонро ба бемористон интиқол доданд.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз ҳамлагаронро, ки 19-сол доштааст, дастгир намуд, вале ҳамлагари дигарӣ ҳанӯз дар дохили бино аст.”-мегӯяд Спутник.

Рустам Минниханов, президенти Тотористон тасмим гирифтааст, ки ба ҷойи ҳдиса сафар намуда, авзои мактаб ва ҳолати зарардидагони ин фоҷиаи хунинро бо чашми худ бибунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД