sebiston july new
7 фарқияти психологии зан аз мард
1063


Дар миёни мардум чунин гап аст, ки “Агар занат ҳарӯз мағзи сари туро кофта намехӯрад, бидон, ки ӯро аз даст додаӣ!” Занон ҳама вақт мехоҳанд, ки дӯстдошта бошанд ва мард навозишу меҳрубониашон кунад, вале фарқиятҳои табиие ҳастанд, ки донистанашон ҳам барои занон ва ҳам барои мардон муҳим ва муфид аст.

1.Ибораи сеҳрноки “ман туро дӯст медорам”-ро зан дар як рӯз чанд маротиба шунидан мехоҳад, вале барои мард ин кор мисли азоби дӯзах метобад.

2. Зан мехоҳад, ки дар қалби мард танҳо ӯ ҷой дошта бошад, аммо мард бо вуҷуди дӯстдориаш мехоҳад ҳалқаи ёру ошноҳои худро дошта бошад ва намехоҳад, ки ҳамсараш ба ин ҳалқа ворид шавад.

3. Табиат занро чунин офаридааст, ки мехоҳад бо як мард тамоми умр бимонад, вале ҳар қадаре дар гирди мард бонувон зиёдтар бошанд, ҳамон андоза худашро бештар мард ҳис мекунад.

4. Фарқияти дигари равонии мардон аз занон дар он аст, ки зан дар мард қудрат меҷӯяд ва мехоҳад марде дар канораш бошад, ки ҳамеша мисли кӯҳ дар пушташ истода, дар сахтию тангиҳо дастгириаш кунад, вале ба назари мард ин кӯдакбозӣ метобад.

5. Занҳо бештар вақти ба кӯча баромадан орову торо мекунанд, вале мард мехоҳад ҳамсараш дар хона зебо, олуфта ва диққатҷалбкунанда бошад.

6. Сарфи назар аз он ки мард сарватманд аст ё камбағал мехоҳад ҳамсари ҳунарманде дошта бошад, ки ҳар рӯз барояш таомҳои бомаза пухта, манзилашро тозаву озода нигоҳ дорад, вале на ҳар зан аз ӯҳдаи ин кори ба назар оддӣ мебарояд.

7. Чизе, ки дар оиладорӣ аз ҳама муҳимтар аст, албатта ин ишқу муҳаббати ҳамсарон ба ҳамдигар мебошад. Беҳуда кӯшиш накунед, ки ҷуфти худро аз нав тарбият намуда, аз ӯ одами мехостаатонро бисозед. Ҳамсаратонро чи хеле, ки ҳаст, ҳамон тавр қабул карда, ҳар рӯз ба ӯ суханони ширин бигӯед, он гоҳ меҳру муҳаббаташ ба шумо рӯз то рӯз зиёдтар хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД