Бо фаро расидани тирамоҳ ҳаво сардтар ва хушктар шуда, пӯсти даст низ зуд хушк мешавад. Аз ин рӯ, дар ин фасли сол дастҳо ба нигоҳубини бештар ниёз доранд. Субҳ аз малҳами нармкунанда истифода баред, то пӯст нарм ва намнок бимонад. Бегоҳ бошад, ба дастҳо малҳами ғизобахш молед, то пӯст маводи заруриро ба даст орад.
Чаро дар тирамоҳ ба дастҳо бояд бештар диққат дод? Бо тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво пӯсти даст зуд хушку дағал мешавад. Баъзан нохунҳо низ заиф шуда, зуд мешикананд. Барои пешгирӣ аз ин мушкилот ва нигоҳ доштани зебоии дастҳо тавсияҳои зеринро риоя кунед:
1. Ҳар рӯз ба пӯсти даст малҳами нармкунанда ва ғизобахш молед, то он нарм ва намнок бимонад.
2. Ҳангоми иҷрои корҳои хона аз дастпӯшак истифода баред. Хусусан ҳангоми кор бо маводи шустушӯй ва дигар моддаҳои кимиёвӣ пӯшидани дастпӯшак хеле муҳим аст.
3. Агар нохунҳоятон табиатан заифу зудшикан бошанд, аз малҳами махсус барои нигоҳубини дасту нохун истифода баред.
4. Агар пӯсти дастатон зуд хушк шавад, малҳамро ҳамеша дар наздатон нигоҳ доред. Ҳамин ки хушкии пӯстро ҳис кардед, онро молед. Беҳтараш малҳами сабукеро интихоб кунед, ки зуд ҷаббида мешавад.
5. Ҳафтае як ё ду маротиба барои дастҳоятон ниқоби нармкунанда ё ғизобахш омода кунед. Агар имкони омода кардани ниқобро надошта бошед, метавонед аз ниқобҳои тайёри мағозаҳо истифода баред.
6. Барои шустани дастҳо собунҳои аз гиёҳҳои табиӣ омодашударо интихоб кунед. Онҳо нисбат ба баъзе собунҳои маъмулӣ метавонанд ба пӯст нармтар таъсир расонанд.
Дар хотир доред, ки зебоӣ ва нармии дастҳо натиҷаи нигоҳубини мунтазам аст. Агар ҳар рӯз ба онҳо каме вақт ҷудо кунед, дастҳоятон ҳамеша озода ва зебо хоҳанд монд.
Равған барои нигоҳубини дастҳо
Барои нарм ва ғизо бахшидани пӯсти даст метавонед аз равғанҳои гуногуни мувофиқ ба пӯст истифода баред. Равған ба нигоҳ доштани намии пӯст мусоидат карда, барои барқарор шудани ҷойҳои осебдида ва шифо ёфтани харошидаҳои хурд низ кумак мекунад.
Пилинг барои дастҳо
Аксари бонувон бо пилинг ва скраб барои тоза кардани пӯсти рӯй шиносанд. Аммо кам касон фикр мекунанд, ки пӯсти даст низ ба чунин нигоҳубин ниёз дорад. Дар асл, пӯсти даст ҳам нозук буда, зери таъсири ҳавои сард ва хушк дағал мешавад.
Барои тоза кардани он скраби мулоимро интихоб кунед. Скрабро ба пӯсти даст молида, чанд дақиқа бо ҳаракатҳои нарм масҳ кунед. Сипас дастҳоро бо оби ширгарм бишӯед. Ин амал ба дур шудани ҳуҷайраҳои мурдаи пӯст ва нарм шудани он мусоидат мекунад.