Arzon march 2024
6-сабаби бармаҳал пир шудани мард
1161

 

Мардро ҷинси пурқувват мешуморанд, вале илми тиб исбот намудааст, ки мардҳо нисбат ба занҳо нозуктар буда, тез-тез бемор мешаванд ва камтар умр мебинанд.

Дамомнокии умри мардон ба ҳисоби миёна 55-60 сол буда, занон нисбат ба мардон 8-10 сол зиёдтар умр мебинанд. Бештари ташвишҳои зиндагӣ ба сари зан аст, пас чаро мардон бештар бемор мешаванд?

Аксарият ба ин суол шояд чунин љавоб диҳанд: Кашидани бори рӯзор ва таъмини оила бар дӯши мард аст. Мардон барои хӯрондану пӯшондани аҳли хонаводаашон ранҷу азоби бисёр мекашанд, барои ҳамин нисбат ба занон умри кам мебинанд! Аммо дар асл ин тавр нест. Дар саломативу давомнокии умри мард нақши муҳимро тарзи зиндагии вай мебозад. Тибқи маълумотҳои мутахассисони љаҳонӣ омилҳои кӯтоҳкунандаи умри мард инҳоянд:

1. Шароб умри мардро кӯтоҳ мекунад

Одати зарарноки майхорагӣ ба дил ва љигар –узвҳои муҳимтарини инсон таъсири манфӣ мерасонад. Табибони англис ба чунин хулоса омаданд, ки ҳар як дона сигор умри мардро 5-6 дақиқа кӯтоҳ мекунад. Сигоркашӣ стрессро рафъ мекунад, гуфтани мардҳо гапи хушку холист.Тамокӯ баракс, асабро ноором месозад. Рагҳои хунгарди узвҳои љинсии сигоркашону дӯстдорони нӯшокиҳои спиртӣ танг мешавад ва дар натиља шаҳватнокӣ паст гашта, мард сусткамар мегардад.

2. Бепарвоӣ ба саломатӣ

Танҳо 15дарсади мардон аз пайи саломатиашон ҳастанд, 85фоизи дигар парвои љони худро надоранд. Ҳангоми мушкилоти љиддӣ аз қабили импотенсия ва простатит мардҳо аз гуфтани иллати худ шарм дошта, вақте ба назди табиб мераванд, ки беморияшон дигар табобат намешавад. Ба умеди қувваи организм шудан лозим нест, саломатиро ҳифз бояд кард.

3. Камҳаракатӣ

Зан баъди рӯзи корӣ бо корҳои хона машғул мешавад, мард бошад, пас аз меҳнати пурмашаққат хоб меравад ва аксаран бо шишаи пиво. Камҳаракатӣ, доим дар як љо нишастан (кор паси компютер, мошинронӣ) барои организм ҳалокатбор аст.

Мардҳои азиз, агар 30 дақиқа бегоҳӣ дар ҳавои тоза сайр намоед, диванатон намеранљад. Ақалан, ба хотири саломатии худатон ба зављаатон кӯмак расонед. Кори дилхоҳи љисмонӣ инкишофи шахшавии организмро, ки сарчашмаи бемориҳои зиёдест, рафъ менамояд. Машқи бадан низ барои саломатӣ муфид аст.

4. Ғизои нодуруст

Пиво, картошкахушкак, хӯроки тунду хамирӣ ду соли умрро кӯтоҳ мекунад. Пеш аз муҳлат мурдан нахоҳед, ғизои солим хӯред. Бештар меваву сабзавот, шавлаву маҳсулоти туршӣ, ширӣ, оби минераливу чой истеъмол намоед. Ғизои дуруст на танҳо организмро солим мегардонад, балки сифати нутфаро ҳам баланд мебардорад. Ҳомиладоршавӣ ва тавлиди фарзандони солим аз хӯроки марду зан вобаста аст, насли солим мехоста бошед, беҳтараш ба умеди ролтону картошкабирён нашавед.

 5. Набудани ҳаёти маҳрамона

Аз ҳаёти маҳрамона дур будани мард на танҳо боиси стресс мешавад, балки иллатҳои дигари љинсиро ҳам ба бор меорад. Барои марди 20-25 -сола ками камаш дар ду ҳафта як бор қаробати љинсӣ лозим аст. Чанд моҳ худдорӣ намудан аз алоқаи љинсӣ баъди 35 солагӣ қувваи мардиро кам месозаду баъди 50 –солагӣ умуман, ҳаёти шаҳвониро аз байн мебарад.

Мубоширати мунтазам –воситаи беҳтарини пешгирикунандаи простатит мебошад. Суръати муносибатҳои маҳрамона ба қобилияти фардии мард вобастагӣ дорад, вале аз рӯи ҳисоби миёна мардҳои то 30-сола ҳафтае бояд 4-5 бор, мардони 30-40- сола ҳафтае 3-4 бор, мардони 40-50- сола ҳафтае 2-3 бор бояд алоқаи љинсӣ намоянд. Дар хотир доред, ки аз ҳад гузаронидан зарарнок аст.

Табобати саривақтии инфексияҳо кофили саломатии мард аст, инро фаромӯш накунед!

6. Нокомию руҳафтодагӣ

Мардҳои дар зиндагӣ бобарор аз мардоне, ки доим худро барои нобарорӣ дар зиндагӣ маломат менамоянд, умри дарозтар мебинанд. Албатта, ин мушкили равонӣ аст ва барои рафъи он қаблан фикру андешаҳои худро бояд хуб намуд. Фаромӯш насозед, ки гап дар бетолеъ будани шумо ё вазъи номусоид нест. Бо матонат барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ қувваи лозимиро ба харљ диҳед, албатта, комёб мегардед.

Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД