sebiston july new
6-роҳи осони нигоҳубини кӯдак
741

Модарон ҳамеша ба маслиҳату машварат ниёз доранд. Барои осонтар кардани кори занони тифли хурсол дошта дар тарбия ва нигоҳубини фарзанд мо чанд маслиҳати муфидро ба шумо пешкаш менамоем.

Сайругашт бо кӯдак-фароғати модар

Табиатан кӯдакон дар соли аввали ҳаёти худ ҳангоми дар мошин ё дар оғӯши модар роҳ рафтан хоб мекунанд. Шумо метавонед ин хислати тифлро ба манфиати худ низ истифода баред. Сайругашт дар аробача натанҳо шуморо аз ғавғои ҳаррӯзаи хона наҷот медиҳад, балки бо ин баҳона метавонед бо дӯстонатон дидорбинӣ намуда, вақтатонро хуш гузаронед.

Дунёи маънавии худро бой гардонед

Соҳиби фарзанд гаштан маънои онро надорад, ки зан бояд тамоми ҳастиашро ба фарзандаш бахшида, худро ба пуррагӣ аз ёд барад. Ҳангоми дар аробача хобондани кӯдакатон дар ҳавои тоза шумо метавонед дар хараки сари роҳ нишаста, китоби дӯстдоштаатонро мутолиа намоед ва дунёи маънавии худро бою ғанӣ гардонед.

Дар хона гӯшаҳои кӯдакона ташкил кунед

Ҳар як модар барои фарзандаш бояд гӯшаҳои махсуси кӯдакона ташкил намояд, масалан ҳангоме, ки шумо хӯроки шом омода мекунед, кӯдакатон метавонад дар як гӯшаи ошхона дар рӯи аробачаи ҳаракаткунанда истироҳат намояд. Дар меҳмонхона метавонед дар як гӯша якчанд бозичаҳоро гузоред, то ки кӯдак бо бозӣ машғул шуда, ба кору боратон халал нарасонад.

Дастмолчаҳои тарро истифода баред

Кӯдакон зуд-зуд гиря мекунанд ва оби чашму даҳону биниашон мешорад. Барои он ки шумо ҳар дафъа сачоқҳоро бо оби даҳону бинии кӯдак олуда карда, ба дубора шустанашон маҷбур нашавед, аз рӯймолчаҳои тар (салфетка) истифода баред.

Соати рӯимизӣ харед

Як соати болои мизӣ бигиред, ки даруни он бо чароғакҳо равшан карда шуда бошанд. Пайгирӣ кардани фосилаи байни таъом додани кӯдак барои ҳар модар зарур аст. Дар ин кор соати рӯйи миз бароятон кӯмаки саривақтӣ мерасонад.

Шабона бо кӯдаки худ хоб кунед

Баъзе модарон бо кӯдаки худ хоб рафтанро зарур ҳисоб намекунанд. Онҳо гумон мекунанд, ки дар як бистар хоб кардани модару кӯдак ҳам худи зан ва ҳам кӯдакро нороҳат мекунад. Модароне, ки дӯст медоранд шабҳо бо тифлакашон хоб кунанд, интихоби хубе кардаанд, зеро кӯдак дар ин ҳолат худро дар амният эҳсос намуда, бароҳаттар мехобад. Шояд шабона тифлаки шумо ягон хоби тарснок мебинад, таб мекунад, аз ҷойгаҳи хоб берун баромада хунӯк мехӯрад. Шумо дар паҳлӯи тифлатон бошед, фарзандатонро бо муҳаббату оғӯши гарм таъмин менамоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД