Оиладор шудан барои ҳам духтар ва ҳам писар имтиҳони ҷиддӣ аст.
Вақте ки ду инсон риштаи тақдирашонро бо ҳам мепайванданд, бояд барои ҳамдигар ҳамсафари бовафо бошанд ва дар пастию баландиҳои зиндагӣ дасти якдигарро бигиранд, вале ҳар саҳар аз хоб хеста чеҳраи як шахсро дидан ва тамоми нозу нузашро бардоштанд, қаҳрамонист. Мутаассифона, на ҳамаи ҷуфтҳо хислату хӯйи ҳамдигарро таҳаммул карда метавонанд.
Маҳз ҳамин чиз боис мешавад, ки оилаи ҷавон баъди чанд моҳ ё чанд сол вайрон шуда, фарзандон зиндаятим ва зану марде, ки замоне ошиқи шайдои ҳамдигар буданд, душмани ҷони ҳам гардад. Барои он ки пойдевори оила мустаҳкам бошад ва устувор бимонад, ба интихоби ҳамсар диққати ҷиддӣ додан лозим аст.
Мардро шинохтан хоҳӣ,
шӯғли дӯстдоштаашро пурс
Дар баробари боодобӣ, раҳмгинӣ, хашмгинӣ, мумсикӣ, дарёдилӣ ва дигар хислатҳои инсонӣ чӣ гуна шахс будани мардро аз рӯйи шуғли дӯстдоштааш низ фаҳмидан мумкин аст. Аз ҳамин хотир чи гуна мард будани ҷавони дӯстдоштаатонро фаҳмидан хоҳед, ҳатман машғулияти писандидаи ӯро пурсон шавад.
Варзишгарон рақобатро дӯст медоранд
Мардоне, ки давидану шиновариро дӯст медоранд, аз мустақилияти худ ҳаловат бурда, дар танҳоӣ вақт гузарониданро дӯст медоранд. Мардони дӯстдори футбол, баскетбол, гӯштин дар зиндагӣ рақобат кардан мехоҳанд. Мардоне, ки ба варзиш таваҷҷуҳ надоранд, бисёр ҳасос буда, дили нозук доранд.
Марди содиқро интихоб намоед
Марде, ки бо марди дигар қариб 10 сол боз риштаи дӯстӣ дорад, бовафову содиқ аст. Барои ба боварии ин мард даромадан босабру ботаҳаммул будан лозим. Бо ин мард бемалол ба тӯю маъракаҳо рафтан мумкин аст, зеро ба осонӣ бо одамони ношинос ва вазъиятҳои нав мутобиқ мегардад.
Корти бонкӣ хуб аст ё пули нақд?
Марде, ки бо корти пластикияш ҳисобӣ мекунад, муштоқи расидан ба қуллаҳои баланд буда, шуҳратпараст ва мағрур аст. Ин тоифаи мардон чизи дилхоҳашонро бо кадом қиммате, ки набошад, ба даст меоранд. Ҳангоми харид мард бо пули нақд ҳисобӣ намояд, донед, ки шахси мустақил ва соҳибихтиёр аст. Марди кисаҳояш холӣ ҳамеша аз дигарон вобаста буда, мехоҳад ба ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Ба мард шаф-шаф намезебад
Ошиқатон ба ҷойи занг задан паёмак фиристоданро авлотар шуморад, ин маънои онро дорад, ки симои асилашро ба шумо нишон додан намехоҳад. Ин мард мехоҳад мудом дар маркази диққати шумо қарор дошта бошад, зеро дилпур нест, ки то охир бо ӯ мемонед. Мард пайваста бо телефон суҳбат карданро дӯст дорад, андаке куҳнапараст аст, вале аз муносибатҳои наздик наметарсад.
Ба либоси зан таваҷҷуҳ дорад?
Мард умуман ба чӣ гуна либос пӯшидани зан аҳамият надиҳад, донед, ки вай ҳам ба духтарони бой таваҷҷуҳ дораду ҳам ба бенаво, вале аз дидани бонувони либосҳои беҳтарини замонавиро ба бар намуда ба ваҷд ояд, ба обрӯву нуфуз диққати бештар медиҳад. Эҳтимол ин мард пули хуб ба даст меорад, вале обрӯву нуфуз дар зиндагӣ барояш нақши муҳимро мебозад. Мардоне, ки ба занҳои танноз майл доранд, мехоҳанд атрофиён ба онҳо ҳасад баранд.
Мошинро чӣ гуна меронад?
Мард одати бо мошинаш пойга кардану дашном додани дигар ронандагонро дошта бошад, донед, ки бадҷаҳл аст. Бо ин мард оила бунёд карда аҳлона зистан бисёр душвор аст. Мард ба "пробка" афтида оромона интизор шавад, шахси ботамкин буда, эҳсосоти худро нигоҳ дошта метавонад.