Рашкро “намаки зиндагӣ” мегӯянд, вале агар ин намак аз ҳад зиёд шавад, ҳаёти оилавиро талху шӯр гардонида, хешбахтиро аз байн мебарад. Равонпизишкон муайян намуданд, ки бештар мардони майхора бадрашк мешаванд. Ин тоифаи мардон асабонияту бегонадилии занро дида, гумон мекунанд, ки хонумашон бо марди дигар робита дорад.
Сабаби дигараш он аст, ки майхораҳо зудтар гирифтори импотенсия мешаванд. Марди ҷисман заифгашта ба занаш бештар рашк мекунад. Аз замоне, ки падаршоҳӣ ҳукмрон гашт, мардҳо худро ҳокими занҳо эҳсос мекунанд. Ҳар қадаре занҳо ба ин зид набароянд ҳам, ин ақида дар ҳамаи давру замонҳо ва дар ҳама қавму миллатҳо буд, ҳаст ва мемонад. 80% бонувоне, ки кӯшиши комилҳуқуқ буданро мекунанд, дар дили мардҳояшон тухми рашкро мекоранд. Рашки мард назар ба рашки зан сад бор чуқуртару даҳшатафзо аст, чунки мард ҳеҷ гоҳ фикру андешаҳои рашколудашро ба касе ифшо намесозад. Сабаб дар он аст, ки мард аз паст задани обрӯяш метарсад.
Чаро хун меҷӯшад?
Марду занҳое дар сари рашк доду фиғон мекунанд, ки қаҳру ғазаби худро ба таври дигар бароварда наметавонанд. Нафароне, ки ба худ боварӣ надоранд ва дар қаъри дил худро аз дигарон паст эҳсос менамоянд, рашк мекунанд. Марде, ки ба сояи худаш ҳам рашк мебарад, дар умқи дил худро аз дигар мардон заиф мешуморад ва метарсад, ки бонуяш ёри дигар меёбад. Боз як тоифаи бадрашкҳо мардони ҳассос ва дорои хаёлоти бою рангинанд. Рашки чунин мард аксаран боиси халалёбии ҳолати рӯҳиаш мегардад.
Оромӣ, танҳо оромӣ!
Оташи рашкатон баланду азобатон вазнин гашта бошад, ҳатман аз мслиҳати равонпизишкон истифода баред.
1)Дарҳол ба ҷангу хархаша рӯ наоред. Шояд тамоми ташвишу гумонҳоятон беҳуда бошаду ёратон бегуноҳ.
2)Аз маҳбубатон иқрор шуданро талаб накунед. Зан дар сари қаҳр метавонад бардурӯғ бигӯяд, ки хиёнат кардааст.
3)Фаромӯш насозед: нишон додани рашк нишонаи дӯстдорӣ не, балки беақливу худпарастӣ аст.
4)Ором шавед. Ҷоеро ёбед, ки онҷо танҳо монда тавонед. Нағзакак нишаста баҳузур поятонро дароз кунед. Чашматонро пӯшида, мушакҳои рӯйро суст намоед. Баҳр ё саҳрои пур аз гулро пеши назар оред.
5)Худро дар ҷойи зан тасаввур намоед. Магар шумо мехоҳед, ки нафаре дар бораатон фикри бад намояд? Зарбулмасали «Бадкарда бадгумон аст»-ро ба хотир биёред.
6)Нахоҳед, ки занатон ба марди бегона назар намояд, фикр кунед оё шумо шавҳари хубед