Аксари бонувон муҳаббату хостгории мардеро рад намуда, худашон ба ҳайрат меоянд, ки чаро дилашон ӯро нахост ва ҷавоби аниқ наёфта, асабӣ мешаванд.
Мард бештар аз зан ба ғазаб омада, аз худ мепурсад: «Чаро вай маро нахост? Ман аз кӣ кам? Барои чӣ сабаби қабул накардани дилашро ошкоро нагуфт…» Албатта сабабҳои гуногунанд, вале омилҳои асосии ба ин ё он мард майл накардани занро номбар кардан мумкин аст.
Ҳавобаландӣ накунед!
Кибру ғурур ва ҳавобаландӣ барои дили занро ба даст овардан ба кор намеояд. Аксари мардон фикр мекунанд, ки ҳавобаландӣ гуноҳу камбудиҳои мардро мепӯшонад, аммо ин андеша комилан ғалат аст. Бо ин роҳ бо зан шинос шавед ҳам, минбаъд дар рафти сӯҳбат ва вохӯриҳо камбудиҳои мард хоҳ-нохоҳ рӯ задан мегиранд, бинобар ин, беҳтараш чи хеле, ки ҳастед, худро ҳамон тавр нишон диҳед. Либосҳои фохир ва зебо пӯшидану худро оро додан ба манфиати мард аст, вале дар ин кор низ аз ҳад нагузаронед, дар акси ҳол ба чашми зан нодида метобед
Устувор бошед!
Занҳо мардони қавиро дӯст медоранд. Дар гапатон устувор бошед ва кореро, ки кардан мехоҳед, ҳамеша бо дили пура анҷом диҳед. Хонумҳо дӯст медоранд, ки мардашон дар бораи кору пайкори худ бо дили пур ва боақлона сухан ронад. Ақлу фаросати баланди мард занро мафтун месозад.
Худро таъриф накунед!
Баъзе мардон барои ба зан маъқул шудан худашонро таърифу тавсиф мекунанд, вале ин барои зан бисёр дилгиркунанда аст. Ба ҷойи он ки худатонро таъриф кунед, беҳтараш занро ба тарабхона ё ягон ҷои фораму дилнишин даъват кунед. Дар вақти шом хӯрдан танҳо дар бораи худатон ва “қаҳрамониҳо”-и худ нақл накунед. Ин амал занро аз омаданаш пушаймон месозад. Каме ба ҳаёту кору фаъолияти хонум аҳмият додан ба манфиати кор аст. Ин амал шуморо бо зан хубтар ошно месозад. Таъбу завқи занро фаҳмида, дар вақти зарурӣ ба вай сюрприз карда метавонед.
Ситораатонро рост намеояд?
Баъзан чунин мешавад. ки мард ба зан суханони хубу форам мегӯяд, тамоми шартҳои шиносоиро хуб анҷом медиҳад, вале дили духтарро ба даст оварда наметавонад. Агар ин ҳолат бо шумо рух диҳад, беҳтараш робитаи худро а ин зан канед. Аз аввал маълум аст, ки аз осмон ситора оред ҳам, дили ин хонумро ба даст оварда наметавонед, чунки стораҳоятон бо ҳамдигар мувофиқ нестан.
Сабӯр бошед!
Мешавад рӯзҳое, ки таъби зан тамоман хира аст. Беҳтараш дар ин гуна рӯзҳо ба зан “даст” нарасонед. Агар ӯ ба шумо писанд аст, пас каме сабру таҳаммул намуда, рӯзи дигар бо ӯ шинос шавед. Фаромӯш накунед, агар суханҳои зебои дар “хазина” доштаатонро дар рӯзи нобарор гӯед, зани дилхоҳатонро аз даст медиҳед.
Ёри дигар дорад?
Агар зан ёри дигар дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ нагӯед, ки ёраш ба ӯ муносиб нест. Ин амалатон натиҷаи баръакс медиҳад. Духтареро аз дӯстдоштааш кашида гирифтанӣ бошед, бояд бо ӯ мисли дугона рафтор намоед. Дар вақти муносиб дили духтарро ба даст меоред