Sebiston new 2024 october
6-КӮДАКИ НОБОЛИҒ ДАР ДАРЁ ҒАРҚ ШУДАНД!
1675


Тобистони имсола бениҳоят гарм омад. Ҳаво он қадар тасфон аст, ки одам нафасгир мешавад.

Албатта дар чунин ҳавои гарм дил мехоҳад, ки худро ба дарё зада, андаке ҳам бошад, тасфи баданро барорӣ, вале оббозӣ қоидаҳои хоси худро дорад. Барои афроде, ки аслан ҳунари шиноварӣ надоранд, худро ба оғӯши амвоҷи пуртуғёни дарё афкандан бениҳоят хатарнок аст, чунки гирдоби мавҷҳои пурзӯри об метавонанд мисли аждар дар як лаҳзаи кӯтоҳ шиновари ноӯҳдабароро ба коми худ кашида, ба олами нестӣ бубаранд. Далели равшани ин гуфтаҳо чанд ҳодисаи ғамангези ғарқшавии одамон дар дарёҳои кишварамон мебошад, ки дар ду-се рӯзи охир ба вуқуъ пайвастаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз марги фоҷиавии 8 нафар бар асари ғарқ шудан дар оби дарёҳо хабар додааст, ки 6 нафарашон кӯдакон ва ноболиғонанд.
Рӯзи 6–июн дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ду кӯдак, ки ҳарду бародар буда, яке 11 ва дигарӣ 6 сол дошт, ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё шудаанд. Ҷасади бачаҳоро баъди чанд соат пайдо карда ба волидонашон супурданд.

Боз як ҳодисаи дигари ғарқшавии кӯдак дар об худи ҳамон рӯз дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон сар зада, як духтарчаи 5-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин кӯдаки маъсум то ҳол идома дорад.

Ду рӯз қабл бо сабаби бепарвоии падару модарон боз 3 кӯдаки дигар дар об ғарқ шуда буданд.
Ҳамин тавр дар бадали 3 рӯз 6 нафар ноболиғон дар гирдоби мавҷҳои дарё ҷони ширини худро аз даст доданд.

Дар баробари ин, ҳамчунин 2 нафар калонсолон бо сабаби беэҳтиётӣ дар дарё ғарқ шудаанд, ки яке 19 ва дигарӣ 33 сол дошта, сокинони ноҳияи Варзоб ва Шуғнони Вилояти Мухтори Бадахшони кӯҳиянд. Ҷасади сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзобро наҷотдиҳандагони КҲФ якҷо бо аҳолии маҳал пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд. Ҷустуҷӯи ҷасади дуюм ҳанӯз идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД