Arzon march 2024
6 фолбинро дар Хатлон барои сеҳру ҷодугарӣ дастгир карданд
397

 

Дар вилояти Хатлон кормандони милитсия 6 нафар фолбинҳоро дастгир намудаанд, ки бо сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, аз ҳамин ҳисоб даромади муфт ба даст меовардаанд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар Хатлон хабар додааст, ин 6 нафар барои фолбинӣ, сеҳру ҷодугарӣ ва ба дом афкандани одамони зудбовар акнун дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

Аз ин миён 3 нафар фолбинҳо қаблан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, вале таъкидҳои кормандони мақомотро сарфи назар намуда, боз ба ҳамон амалҳои мардумфиребонаи худ идома медоданд. Бо баҳонаи фолбинӣ, баровардани сеҳру ҷоду, кушодани бахт ва пеши кор ин афрод одамони содаву зудбоварро ба доми худ афканда, аз онҳо пули калон мерӯёнидаанд. Гуфта шудааст, ки фолбинҳои боздоштшуда аз мизоҷонашон аз 200 то 2000 сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро барои хароҷотҳои худ сарф кардаанд.

Нисбати 3 нафар фолбинҳои хатлонӣ-Мавлонова, Эрназаров ва Қараев мақомот парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Замира Мавлонова қаблан бо моддаҳои 247 ва 340-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуд буд, вале барои мардумфиребӣ бори дуюм дастгир шудааст. Ин зан дар манзили худ бо фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда аз мизоҷонаш пули калон талаб мекардааст.

Эрназаров Муродалӣ ва Қараев Абдулло худро ҳамчун табиб муаррифӣ намуда, мардумро ба доми хеш меафкандаанд ва пули муфт ба даст меовардаанд. Нисбати ин ду нафар низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3 фолбини дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД