Дар пайи занозаниҳои муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки санаи 8-9 март дар сохтмони корхонаҳои бузурги коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ) ва Маҷмааи газу кимиёвии Амур (АГХК) рӯй дода буд, ширкати сохтмонии “ВелесСтройМонтаж” якбора 54 муҳоҷири тоҷикро, ки дар ин ширкат кор мекарданд, аз кор озод кардааст.
Қабл аз ин 182 коргари қирғизро дар натиҷаи ҳамин занозаниҳо аз кор озод карда буданд.
Бино ба иттилои расман тасдиқ ношуда, ин 54 муҳоҷири тоҷикро дар пайи аз кор ронда шуданашон ихроҷ ва ба Тоҷикистон гусел кардаанд.
Ҳамаи коргароне, ки аз кор ронда шудаанд, таҳти роҳбарии Содиқ ном бригадир кор мекардаанд. Синни коргарон аз 18 то 68- сола буда, калонсолтаринашон Абдураҳим Раҳимови 68 сола ва ҷавонтаринашон Ҷумъахони Ҳакими 18-сола будааст.
Ногуфта намонад, ки иддае аз ихроҷшудагон ба наздикӣ дар сохтмони ин ду корхонаи бузург ба кор даромада, баъзеашон ҳанӯз як моҳ ҳам кор накарда, моҳона нагирифтаанд.