1. Агар дар саломатиатон ҷурме набошад, ба ҳаммоми буғин (сауна) равед. Баробари ба ҳаммом даромадан бо ҷорӯби аз баргҳои тӯс тайёршуда баданатонро занед, табъатон болида мегардад.
2. Соле як мартиба ҳатман маҳси бадан намоед. Сутунмуҳраи солим ғизогирии мукаммали тамоми узвҳои даруниро таъмин месозад.
3. Мубоширати босифату ҳамарӯза кафили саломатӣ ва дарозумрии мард аст!
Меҳрубониҳои зан мардро тандуруст мегардонад. Оғӯшу бӯса дар як дақиқа тамоми қувваи манфиро рафъ месозад. Дар сурати мунтазам будани муносибатҳои маҳрамона кори ғадуди простата хуб гашта, қувваи мардӣ то давраи пирӣ боқӣ мемонад.
4. Мунтазам маҳси простата кунед. Баъди 30 солагӣ моҳе 1 маротиба.
5. Ҳангоми муносибатҳои маҳрамона мард бояд тамоми меҳру муҳаббаташро ба занаш ифшо намояд, зан бошад ин муҳаббатро қабул кардан хоҳад. Зан бо мард қарин набошад ва хоҳиши бо мубошират машғул шуданро надошта бошад, дар ин ҳолат муносибати маҳрамона ба саломатӣ зарар мерасонад.
6. Ғизои солим шуморо дергоҳ ҷавон нигоҳ медорад. Ҳангоми фарбеҳӣ чарбҳои атрофи шикам кори тестостеронро вайрон месозанд. Вақте коркарди тестостерон кам шуд, мард бештар фарбеҳ мегардад.
7. Бо намуди фаъоли спорт машғул шавед.
8. Ҳамарӯза машқҳои нафасиро иҷро намоед.
9. Шулукдармонӣ — роҳи беҳтарини пешгирии бемориҳои ҷинсӣ аст (шулукро дар устухони кос ва баъдан дар ҷигар мондан лозим аст).
10. Аз заҳролудшавӣ худро муҳофизат намоед! Воситаи бехатари рафъи хастагиро ёбед. Ҳар як заҳролудшавӣ - ин худкушии мунтазам аст. Шуш, ҷигар, мағи сар иллат пайдо карда, ҳуҷайраҳои ҷисм пир мешаванд.
11. Хоби бароҳат тамоми ҷисмро ҷавон сохта, мағзи сарро истироҳат медиҳад.
12. Либоси тозаву озода ва босалиқа пӯшед. Либоси ифлос руҳи инсонро заиф мегардонад.
13. Мошин дошта бошед, онро шуста тоза кунед, табъатон болидаву хотиратон ҷамъ мегардад.
14. Бо омӯзиши силоҳ машғул шавед.
15. Бо йога машғул шудан ба саломатӣ фоида дорад.
16. Мӯйи сари хуб нигоҳубиншуда ё риши зебо бениҳоят ба занҳо писанд аст.
17. Фаъолнокӣ, боғайратӣ ба мард зебанда аст.
18. Мақсади худро дар зиндагӣ муайян созед.
19. Ҳангоми ба мақсад расидан шодӣ кунед.
20. Рӯзи корӣ ва истироҳатро ба нақша гиред.
21. Аз таҳти дил истироҳат кунед. Истироҳат ё шуғли дӯстдошта ба инсон нерӯ мебахшад.
22. Мушкили кайҳо боз ба таъхир гузоштаатонро ҳал намоед, сабукиро эҳсос мекунед.
23. Ягон ашёи хонаро таъмир кунед, кореро бо дасти худ ба анҷом расонед.
24. Барои худ ягон ашёи даркории босифатро харидорӣ намоед.
25. Сифатҳои мардиро кашф намоед (ҷасорат, далерӣ, ирода).
26. Мураттабӣ (мақсаду нақшагузорӣ) нигоҳро равшан месозад.
27. Ҳайвоноти хонагӣ нерӯи манфиро ба зудӣ мерабоянд.
28. Худро дӯст дореду дастовардҳоятонро эҳтиром кунед.
29. Ба зану фарзандонатон ғамхорӣ зоҳир намоед.
30. Дилкушод бошед. Ҳар чизе, ки хайр мекунед, ҳазор карат зиёд шуда ба шумо бармегардад.
31. Падар дар оила бояд мояи ифтихори фарзандон бошад.
32. Бо наздиконатон бештар дар суҳбат бошед — оилаи тифоқ сарчашмаи хушбахист.
33. Нерӯи наслӣ тавассути мардҳои авлод мегузарад. Бо мардони оила муносибатҳои хуб барқарор кардан лозим (бобо, падар, бародар, падарарӯс, писар ва ғ).
34. Калонсолонро эҳтиром намоед. Хушнудии волидайн дуои хайри Худованд аст.
35. Ба одамон кӯмак кунед.
36. Ҳамарӯза шукри Худову шукри зиндагии осуда намоед.
37. Қомати худро рост нигоҳ доред. Шумо бандаи Худо ҳастед, бояд тахтапуштатон рост, китфонатон баланд, чеҳраатон кушода бошад.
38. Бо ҳамфикрони худ дӯстӣ кунед. Муошират бо ҳамсафон ба кас қувват мебахшад.
39. Муошират бо дӯстон ниҳоят муфид аст. Ба хонаи дӯстонатон равед, якҷоя ба ягон ҷо сафар намоед.
40. Ба хона даъват кардани дӯстон вазифаи мард аст. Вазифаи зан барои меҳмонон муҳити гуворо фароҳам овардан мебошад.
41. Хӯроки дӯстдоштаро истеъмол кунед. Тамъи ғизои дилкаш ба кас хушнудӣ мебахшад.
42. Бо камоли майл дилхушӣ намоед. Дилхушӣ бояд чунон бошад, ки аз он таҷрибаи муфид ва нерӯ гирифта тавонед.
43. Шикор, моҳидорӣ — воситаи хубест барои дар табиат будану асабҳоро ором кунондан.
44. Тамошои бозии футбол ва мусобиқаҳо руҳи инсонро болида месозад.
45. Мусиқии дӯстдоштаатонро (ҳамоне ки ба шумо роҳат мебахшад) гӯш кунед.
46. Китобхонӣ доираи фикррониро васеъ намуда, муҷиби пайдоиши ақидаҳои ҷолиб мегардад.
47. Филмҳои мардонаро тамошо кунед (филмҳо оиди дастовардҳо, оиди иродаи қавӣ, созандаи хислати мардона).
48. Таҷрибаи шахсони муваффақро омӯзед.
49. Баъзан дар танҳоӣ мондан хуб аст.
50. Сайругашт дар ҳавои тозаву табиати зебо ба кас фараҳ мебахшад.
51. Намоз хонед. Танҳо намоз имони инсонро бақувват нигоҳ медораду бо Худованд наздик месозад.
52. Ҳафт пушти гузаштагони худро омӯзед ва ба фарзандонатон нақл кунед. Авлод дар ҳоле бақувват мегардад, ки аз ҳафт пушти худ бохабар бошад.
53. Сайёҳат кунед, оламро омӯзед. Дар сайёҳат ва истироҳат инсон сифатҳои навро касб намуда, ҷаҳонро бо чашми дигар мебинад.
54. Ба худ гӯед: Ман беҳтарин ҳастам!