Пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз гузориш ва сару садоҳо дар бораи шиддати гирифтани нафрату бадбинии мардуми рус нисбат ба зодагони кишварҳои Осиёи Миёна, махсусан тоҷикон гаштаанд. Овозаҳое, ки ҳамарӯза паҳн мешаванд, то куҷо ҳақиқат доранд? Рост аст, ки Русия дарҳояшро барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна мебандад?
Қонунҳои муҳоҷиратӣ сахттар шуданд, вале...
Дар ҳақиқат баъди ҳодисаи даҳшатангези дар “Крокус-Сити Холл” рӯйдода, ки ҷони садҳо одамони бегуноҳро рабуд, Русия мисли ҳар давлати дигар, ки дар фикри амнияти сокинони кишвараш мебошад, қонунҳои муҳоҷиратиашро сахттар карда, ба системаи муҳоҷиратиаш як қатор тағйиротҳои навро ворид намуд.
1. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ “Профили рақамӣ” ҷорӣ карда шуд. Минбаъд дар бораи ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ, аз маълумотҳои биометрӣ ва изи ангуштону қаъри чашмон сар карда, то макони зисту зиндагӣ, ҳамхонаҳо ва ҷойи кору хати ҳаракаташ тамоми маълумотҳои лозима дар “Профили рақамӣ” ҷо карда мешавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки давлат ва ҳукумати Россия ҳар як қадами муҳоҷиронро дар зери назорат бигирад.
2. Вазорати корҳои дохилии Россия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки мӯҳлати будубоши муваққатии хориҷиёнро дар қаламрави Россия то 90 рӯз коҳиш медиҳад.
3. Назорати корфармоёни рус, ки қувваи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, сахттар мешавад.
4. Пешниҳод шудааст, ки идораи наве таъсис дода шавад, ки сиёсати муҳоҷиратии кишвар ва раванди муҳоҷирати меҳнатиро дар зери назорат гирифта, танҳо ба президенти Россия итоат ва дар назди сарвари давлат ҳисобот диҳад.
5. Минбаъд бартарӣ ба муҳоҷирати мутташакилона дода шуда, муҳоҷирон аз ҷониби идораҳои давлатӣ, ки бо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор доранд, барои кор ба Русия ба таври гурӯҳӣ сафарбар карда мешаванд.
Мақсад чист: пурзӯр кардани назорат
ё таъмини шаффофият?
Алла Астратова, Раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Ленинград ин масъаларо дар суҳбат бо расонаҳои русӣ шарҳ дода, аз ҷумла чунин гуфтааст:
"Мақсад аз ворид намудани тағйиротҳо ба системаи муҳоҷиратӣ на сахттар кардани ҷараёни муҳоҷират, балки такмил додани худи қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россия мебошад. Воситаҳои наве, ки дар лоиҳаи қонуни нав пешниҳод шудаанд (аз ҷумла профили рақамӣ) бо мақсади таъмини шаффофият ва ба тартиб даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба кор бурда мешаванд. Ин зарур аст, зеро Қонуни федералии 115-ФЗ "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия", ки 25.07.2002 қабул шуда буд, аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна шудааст..."
Президент Путин чӣ мегӯяд?
Худи президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин низ баъди ҳодисаи нохуши дар Крокус-Сити Холл рӯйдода оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ борҳо изҳори назар кард. Рӯзҳову соатҳои аввали баъди ин ҳодисаи ваҳшатнок сарвари давлати Россия мардумро ба оромӣ даъват намуда,таъкид карда буд, ки террористон аслан миллату нажод надоранд ва амали чанд тан маънои онро надорад, ки тамоми тоҷикон одамони бадкирдор ва ҷинояткоранд. Путин гуфт, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ободонии Россия саҳми арзанда доранд ва набояд барои гуноҳи дигарон музоҷот шаванд.
Аммо дирӯз, 2- апрел дар ҷаласаи васеи коллегияи ВКД президенти Россия боз ба ин масъала баргашта гуфт, сиёсати муҳоҷиратии давлат бояд нав карда шавад, ворид намудани тағйиротҳо дар самти муҳоҷират шарт ва зарур мебошад.
"Дар ин ҷо пойгоҳи электронии рақамии биометрикии муосир зарур аст. Онҳое, ки ҳоло кор мекунанд, зоҳиран кофӣ нестанд. Онҳо имкон намедиҳанд, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хатарҳои дигар пурра бартараф карда шаванд", —таъкид намудааст Путин.