Оиладоршавӣ муҳимтарин рукни зиндагии ҳар як инсон мебошад. Барои он ки оила мустаҳкам бошад, пойдевори онро бояд устувор бунёд намуд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи чанд шарти муҳими хостгорӣ ва никоҳ, ки боиси хушбахтии зану шавҳар мегардад, маълумот медиҳем.
ШАРТИ АВВАЛ
Пеш аз хостгорӣ ҳамдигарро омӯзед
Дар издивоҷ пеш аз ҳама хостгорӣ ё худ фиристодани паёми никоҳ аз ҷониби хонаводаи писар ба оилаи духтар суннат аст. Ҳангоми аз ҷониби наздикони писар ба хостгорӣ рафтан бояд ҳар ду тараф бо вазъияти хонаводагӣ ва хусусиятҳои ахлоқии ҳамдигар хуб огоҳ шаванд. Писару духтар агар ҳамдигарро наомӯхта хонадор шаванд, мумкин аст, ки дар зиндагӣ ба мушкилиҳо дучор гарданд. Расули Худо (с) дар ин маврид фармуданд: «Агар касе ки аз назари диёнат ва хусусиятҳои ахлоқӣ мавриди ризоияти шумо бошаду хостгори издивоҷ бо духтаратон шавад, хостаи ӯро бипазиред. Дар ғайри ин сурат мумкин аст фитнаҳои ахлоқӣ сурат гирад».
ШАРТИ ДУЮМ
Хостгори рафтани падари арӯс ба хонаи домод боке надорад
Аслан мо-тоҷикон одате дорем, ки танҳо ҷониби домод ба хонаи духтар хостгор мефиристад, вале дар сурати таҳти назар доштани ягон домодшавнадаи арзанда ҷониби арӯс ба хонаи мард хостгорӣ равад ҳам, боке надорад. Вақте Хунайс ибни Ҳазофаи Саҳмӣ, ки аз асҳоби Паёмбар (с) буд, дар Мадина фавт карду ҳамсараш Ҳафса (духтари ҳазрати Умар) бева монд, Ҳазрати Умар (р) назди ҳазрати Усмон (р) рафта, пешниҳоди издивоҷ бо духтараш Ҳафсаро намуд. Ҳазрати Усмон (р) фармуд: «Дар ин маврид пас аз чанд рӯз ҷавоби шуморо хоҳам дод». Баъди чанд рӯз ҳазрати Усмон (р) ҷавоби манфӣ дод. Он гоҳ ҳазрати Умар (р) назди ҳазрати Абӯбакр (р) рафта пешниҳод намуд, ки бо духтари бевамондааш издивоҷ кунад. Ҳазрати Абӯбакр (р) низ ҷавоби рад дод. Умар (р) аз ҳардуи онон хафа шуд. Пас аз чанд рӯз ҳазрати Муҳаммад (с) хоҳони издивоҷ бо Ҳафса (р) шуданд. Ҳазрати Умар (р) Ҳафсаро ба Расули Худо (с) доданд. Баъди чанд рӯз ҳазрати Абӯбакр (р) ба ҳазрати Умар (р) рафта гуфт: “Медонам, ки Шумо аз ман гиламанд шудаед. Аммо ман медонистам, ки Расули Худо (с) мақсади хонадоршавӣ бо Ҳафса (р)-ро доштанд. Вагарна ҷавоби рад намедодам”. Ҳадиси мазкур нишонгари ин матлаб аст, ки агар шахсе аз назари дину ахлоқ писандида мебошад ҳеҷ бадие надорад, ки сарпарастони духтар пешниҳоди издивоҷи духтари худ бо шахси мавриди назарро карда бошанд.
ШАРТИ СЕЮМ
Ризояити духтар дар никоҳ ҳатмист!
Дар дини мубини ислом ризоияти духтар яке аз шартҳои асосии никоҳ қарор дода шудааст, агар никоҳ бе ризоияти духтар ба амал ояд, тамоми зиндагии ӯ талху ногувор хоҳад шуд. Ислом ба волидон тавсия додааст, ки ба духтарони худ комилан ҳаққи интихоб дода, ба хоставу иродаи онҳо эҳтиром гузоранд. Дар ин хусус Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳеҷ духтар ва бевазане бе ризоият ба никоҳ дода нашавад». Саҳобагон арз карданд:-Ё Расули Худо (с) аз духтар чӣ гуна иҷозат гирифта мешавад? Мумкин аст, ки ӯ аз фарти шарму ҳаё гап назанад. Расули Акрам (с) фармуданд: «Сукут (хомӯшӣ)-и ӯ изн (иҷозат, ризоият) аст». Ҳазрати Муҳаммад (с) алалхусус дар бораи гирифтани ризояти ятимдухтар хеле зиёд таъкид кардаанд. Зимни ба шавҳар додани ятимдухтар ҳатман иҷозати ӯ гирифта шавад. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: «Аз духтари ятим дар бораи никоҳ ҳатман иҷозат гирифта шавад. Агар иҷозат ҳосил шуд хуб, вагарна маҷбур набояд кард».
ШАРТИ ЧОРУМ
Бе ризоият ва дуои неки волидон никоҳ накунед!
Дар никоҳ ҳамон гуна, ки ризоияти духтар шарт аст, машварат ва иҷозат гирифтан аз валӣ (соҳибдарак, волидон, сарпараст)-и духтар низ зарурӣ аст. Нахустин валии духтар падари ӯст. Агар падарат фавт карда бошад ё ғоиб бошад, он гоҳ бародари ҳақиқӣ, агар бародар набошад, амак, бобо, тағо ва ғайра валии ӯ ҳисоб меоянд. Оқил ва болиғ будани валӣ зарурист. Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар зане, ки бе иҷозати валии худ никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст».
ШАРТИ ПАНҶУМ
Нақши гувоҳ дар никоҳ
Никоҳ бояд дар ҳузури гувоҳон анҷом гирад. Расули Акрам (с) дар бораи ҳузури гувоҳон таъкид кардаанд, ки никоҳ дар ҳузури гувоҳон суннат аст, яъне шароити аҳеҳ будани никоҳ ин аст, ки он дар ҳузури шоҳидон сурат гирад. Гувоҳон бояд оқилу болиғ, ду нафар мард ё як нафар мард ва ду нафар зан бошанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) никоҳи бе гувоҳ (пинҳонӣ)-ро накӯҳиш карда, фармудаанд: «Бадкору бадамал аст зане, ки бе гувоҳ ба никоҳи марде розӣ шавад». Тамоми касоне, ки дар маҷлиси иҷоби қабул (маросими никоҳ) ҳузур доранд ва суханони ҷонибҳоро мешунаванд, дарвоқеъ гувоҳи ақд ба шумор мераванд. Агар духтару писар ҳарду мусулмон ҳастанд, он гоҳ мусулмон будани гувоҳон зарурист. Гувоҳии ғайримусулмонон дар никоҳи мусулмонон пазируфта намешавад. Агар духтар аҳли китоб (насронӣ, яҳудӣ) бошад, дар ин сурат гувоҳии аҳли китоб пазируфта мешавад.