Россия то моҳи декабри соли равон 5 қонуни навро қабул хоҳад кард, ки сиёсати муҳоҷиратии ин кишварро боз ҳам сахттар мегардонанд. Дар ин бора раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Вячеслав Володин дар Telegram-каналаш хабар дода, гуфтааст, ки айни замон лоиҳаи ин қонунҳо аз ҷониби депутатҳо омӯхта мешаванд.
«Мақсади мо ба тартиб даровардани раванди муҳоҷират ва таъмини шаффофият дар ин ҷода бо роҳи боз ҳам сахттар кардани тартибот ва қонунҳои муҳоҷиратӣ мебошад. Касе, ки мехоҳад дар кишвари мо кор кунад, бояд забон ва таърихи Россияро донад, ба расму оину фарҳанги мардуми рус эҳтиром гузорад”,- навиштааст Володин.
Қонунҳое, ки ба гуфти Володин то охири сол қабул карда мешаванд, инҳоянд:
1. Афроде, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ё берун аз он ягон ҷиноят содир намудаанд, ҳуқуқи дар ин кишвар зистанро надоранд. Бо қабули қонуни нав шахсе, ки ягон ҷиноят содир намудааст ва дар қаламрави Россия ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунад, дар сурати ба чанг афтидан ин амалаш ҳамчун ҳолати вазнинкунанда (Отягчающий обстоятельство) шумурда шуда, ҷазои боз ҳам сангинтар хоҳад гирифт.
2. Ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон ва ё бо мақсади содир намудани ҷиноят дар атрофи худ ҷамъ кардани дигарон тибқи қонуни нав ба гурӯҳи “Ҷиноятҳои махсусан вазнин” дохил карда мешавад. Барои ин гуна ҷиноятҳо дар қонуни наве, ки ба наздикӣ қабул карда мешавад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 15 сол ва ҳамзамон ҷарима ба маблағи аз 3 то 5 миллион рубли русӣ пешбинӣ шудааст.
3. Тибқи боз як қонуни нави дигар, ки то моҳи декабр дар Россия қабул карда мешавад, ҷазо барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои шахсони хориҷӣ ва ба таври қалбакӣ дар қайд гузоштани муҳоҷирони меҳнатӣ сахттар карда мешавад. Қонуни нав барои сохтакорӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст. Шахсоне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, ба муҳлати аз 2 то 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, молу мулкашон аз ҷониби давлат мусодира-конфискация карда мешавад, бар замми ин, аз 5 то 10 миллион рубл ҷарима баста мешаванд. Дар ҳолати такроран содир намудани ин қабил ҷиноятҳо ҷарима аз 10 то 60 миллион рубл зиёд карда мешавад.
4. Қонуни дигаре, ки Россия ба наздикӣ қабул мекунад, ба интернет рабт дорад. Тибқи ин қонун саҳифаҳои интернетие, ки намудҳои гуногуни хизматрасониҳои ғайриқонуниро (аз қабили пешниҳод намудани патент, иҷозатномаи кор ва дигар ҳуҷҷатҳо) ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод мекунанд, бидуни қарори суд баста (блокировка) мешаванд.
5. Қонуни панҷуме, ки Россия то моҳи декабр онро қабул карданист, ба ташкилотҳои миёнарав дар қабул кардани имтиҳон аз муҳоҷирони меҳнатӣ ширкат варзиданро ба пуррагӣ манъ мекунад.