formula
5 навъи самбӯсаи варақӣ
4217

 

1. Самбӯсаи қаймоқӣ

Маҳсулоти лозима:

  • 150 грам – маргарин
  • 330 грам – орд
  • 100 грам – қаймоқ
  • 10 грам – маводи ковокунанда
  • 5 грам – намак

Маҳсулоти қимма:

  • 350 грам – гушт
  • 450 грам – пиёз
  • 100 грам – равғани говӣ
  • 50 грам –равғани растанӣ
  • Намак
  • зира
  • мурч
  • кунҷит

Тарзи таҳия:

Дар зарф 3 стакон орд, маргарин, маводи ковокунанда илова карда, бо дастамон умоч мекунем. Баъдан қаймоқ ва 1 қошуқча намак илова карда омехта мекунем. Дар селофан мегирем ва 30 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем. Барои қимма 3 дона пиёзро реза карда, дар зарф мегирем. Гушт, 6 – 7 қошуқ равғани растанӣ, 1 қошуқча намак, зира, мурч илова карда, ҳамаашро омехта мекунем.

Хамирро ба зуволачаҳо тақсим мекунем, дар умум 15 дона 40 грами мебарояд. Зуволаҳоро тунук мекунем, қиммаро гузошта мепечонем. Ба қолаб равған молида, ба он қоғази пергамент тунук мекунем, самбӯсаҳоро дар қолаб гирифта, болои самбӯсаҳоро зардии тухм карда, кунҷит мепошем. Дар тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа 30 дақиқа то пӯхтанаш меистад.

2. Самбӯсаи варақӣ

Маҳсулоти лозима:

  • 100 грам – оби гарм
  • 1 дона – тухм
  • 220 грам – орд
  • Намак

Маҳсулоти қимма:

  • 4 дона – пиёз
  • 150 грам - қиммаи гӯшт
  • 50 грам – равғани растанӣ
  • 125 грам – маргарин ё равғани говӣ
  • Намак, зира, мурч, кунҷит

Тарзи таҳия:

Дар зарф ним стакон оби гарм, намак, тухм илова карда, омехта мекунем. 2 стакон орд илова карда, бо дастамон омехта мекунем. Зуволаҳоро ба ду қисм тақсим мекунем ва мемонем 20 дақиқа дам гиранд. Барои қимма 4 дона пиёзро реза мекунем дар зарф мегирем. Қиммаи гӯшт, 4 – 5 қошуқ равғани растанӣ, намак, зира, мурч илова карда, омехта мекунем.

Зуволаҳо, ки дам гирифтанд, тунук мекунем ва маргарин ё равғани говиро об карда, ба болои зуволаҳо мемолем. Зуволаи дуюмро низ тунук карда, ба болои зуволаи якум мегирем ва равған мекунем. Зуволаро мисли рулет мепечонем ва бо корд мебурем. Зуволаҳоро тунук мекунем, қиммаро гузона мепечонем. Ба қолаб равған молида, ба он қоғази пергамент тунук мекунем самбӯсаҳоро мегирем ва болояшон зардии тухм карда, кунҷит ё сиёҳдона мепошем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то сурх шуданашон меистад.

3. Самбӯса дар дег

Маҳсулоти лозима:

  • 1 дона - тухм
  • 400 грам – орд
  • 150 грам – об
  • 30 грам – равғани растанӣ
  • Намак, уксус
  • 100 грам – маргарин

Муҳсулоти қимма:

  • 400 грам – гӯшт
  • 3 дона – пиёз
  • Равғани растанӣ
  • Намак, мурч, зира

Тарзи таҳия:

Дар зарф орд, тухм, намак, равғани растанӣ, об ва 1 қошуқча уксус илова карда, омехта мекунем. Хамир ки тайёр шуд 20 дақиқа дам медиҳем. Баъд аз 20 дақиқа хамирро ба ду зувола тақсим карда, тунук мекунем. Дар байнаш равғани маска ё равғани говӣ карда, мепечонем. Зуволаи дуюмро низ тунук карда, дар байнаш равған мекунем ва зуволаи якумро ба он ҳамроҳ карда, мепечонем. Хамирро 20 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем то ки равған ба хамир часпад.

Барои қимма пиёзро реза карда, дар зарф мегирем, гӯшти қиммаи говро ҳамроҳ мекунем, равғани растанӣ, намак, мурч, зира мувофиқи табъи худ ҳамроҳ карда, омехта мекунем. Зуволаҳоро аз яхдон гирифта, мебурем тунук карда, қиммара мегузорем ва мепечонем. То тайёр шудани самбӯсаҳо дегро дар оташи паст мегузорем, то ки гарм шавад.

Самбӯсаҳо, ки тайёр шуданд, болояшонро зардии тухм ва кунҷит карда, ба дег мечаспонем. Сарпӯши дегро мепӯшонем, то сурх шуданаш меистад ва тез тез нигоҳ карда, меистем то ки наафтанд. Самбӯса ки пӯхт бениҳоят болаззат ва резонаки хушмаза мешаванд.

4. Самбӯса дар пиёла

Маҳсулоти лозима:

  • 350 грам – орд
  • 140 грам - об
  • 50 грам – маргарин
  • Намак

Маҳсулоти қимма:

  • 500 грам – гӯшт
  • 250 грам – пиёз
  • 50 грам – равғани гов
  • 50 грам – равғани растанӣ
  • 50мл - об
  • Намак, мурч, зира

Тарзи таҳия:

Дар аввал гӯштро реза карда, дар зарф мегирем, намак, мурч, зира ва об илова карда, омехта мекунем ва 2 соат мемонем дам гирад. Дар зарф орд ва маргаринро гирифта, умоч мекунем. Ба ним стакон об 1 қошуқча намак ва уксус ҳамроҳ карда, омехта мекунем ва ба умоч илова карда, омехта мекунем. Хамирро 15 дақиқа дам медиҳем.

Пиёзро реза карда, ба қимма ҳамроҳ мекунем. Равғани говиро ихтиёрӣ метавонед реза карда ҳамроҳ кунед. Ба қимма равғани растанӣ илова карда, омехта мекунем. Зуволаро ба 8 ё 10 қисм тақсим карда, тунук мекунем, қиммаро дар пиёла мегирем ва зуволаро аз болояш гирифта, ба сафедии тухм тар мекунем. Дегро пештар дар оташ мегузорем то омода шудани самбӯсаҳо гарм шавад.

Самбӯсаро бо пиёла ба дег мечаспонем ва 40 – 45 дақиқа дар оташи паст нигоҳ медорем. Нимашро дар дег мепазем ва ними дигарашро дар тафдон. Боқимондаи самбӯсаҳоро болояшонро зардии тухм карда, кунҷит мекунем ва дар ҳарорати 170 дараҷа 40 – 45 дақиқа то пӯхтанаш меистад. Самбӯсаҳо ки пӯхтанд хеле таъми олӣ доранд.

5. Самбӯсаи туркӣ

Маҳсулоти лозима:

  • 125 грам - маска
  • 1 стакон – ҷурғот
  • 1 стакон – об
  • 50 грам – равған
  • 2 дона – тухм
  • 10 грам – маводи ковокунанда
  • Намак

Маҳсулоти қимма:

  • 50 грам – равған
  • 1 дона – пиёз
  • 1 дона – балгарии сабз
  • 4 дона – картошкаи обпазшуда
  • Намак, мурч, зира

Тарзи таҳия:

Дар зарф ҷурғот, оби ширгарм, ним стакон равғани растанӣ, 2 - дона тухм зардии яктоашро барои ороиши болояш мегузорем, намак ва 7 - стакон ордро кам - кам илова карда, омехта мекунем. Зуволаро ба қисмҳо тақсим мекунем ва 15 дақиқа дам медиҳем. Барои қимма дар тоба равған мерезем ва пиёзро реза карда, ҳамроҳ мекунем ва таф медиҳем.

Булғории сабзро реза карда, илова мекунем ва таф медиҳем. Намак,мурч, зира ҳамроҳ мекунем. 4 - дона картошкаи обпазшударо майда мекунем ҳамроҳ карда, таф медиҳем. Ба ҷойи картошка қимма истифода кунед ҳам мешавад. маскара чорунҷа реза карда, ба болои 10 зувола тақсим мекунем. Маскаро бо зувола тунук мекунем, яъне маскаро дар зувола ҳал мекунем ва ба зарф мегирем.

Ҳамин хел зуволаҳоро тунук карда, 5 тояшро руи ҳам мегузорем ва болояшро маҳкам карда ба муддати 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем. Баъди 1 соат дам гирифтан зуволаро бо ғалтак тунук карда, қиммаро мегузорем ва мепечонем. Ба қолаб равған молида, ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва самбӯсаҳоро дар қолаб мегирем. Болояшонро зардии тухм карда, кунҷит мекунем. Дар тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа то сурх шуданаш меистад. Самбӯсаҳо баъди пӯхтан хеле резонак ва хушмазза мешаванд.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД